Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати «СЕТС»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуда, масъалаи бунёди як нерӯгоҳи офтобиро бо иқтидори умумии 500 мегаватт баррасӣ кардаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор додаанд. Таъкид карда шудааст, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт метавонад ба рушди устувори иқтисодии минтақа ва беҳтар шудани шароити зисту зиндагии мардум мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург ба ҳалли мушкилоти таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат намуда, ҳамзамон ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия заминаи хубе мегузорад.