Sebiston new 2024 october
Дар ишқи Фаридун дилам обу адо шуд
14.05.2023
ОИЛА
814


Мадина хастам ва 20 сол дорам. Дар яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳр зиндагӣ мекунам. Маълумоти олӣ надорам, дар ягон ҷо кор намекунам, чанд сол боз хонашин ҳастам.

Мехоҳам саргузашти талхамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Ҳангоми дар синфи 9 хонданам, ба писари ҳамдеҳаамон, ки Манучеҳр ошиқ шудам. Мо ҳар рӯз пинҳонӣ аз чашми водидонамон дасти якдигарро гирифта, ба дарс мерафтем.

Тамоми мактаб аз ишқамон бохабар буд. Бародаронам ин овозаро шунида, борҳо маро зери мушту лагад гирифтанд ва ҳатто Манучеҳрро чанд бор бераҳмона лату кӯб карданд.

Хулоса, баъди хатми мактаб Манучеҳр барои идомаи таҳсил ба шаҳр рафт, вале бародарони ман “духтар хонад, ганда мешавад, боз обрӯи моро нарезонӣ” гуфта, монеаи таҳсилам гаштанд.

Мо бо дӯстдоштаам дер-дер вохӯрем ҳам, тариқи телефон гап мезадем, вале баъдтар Манучеҳр ба як духтари шаҳрӣ ошиқ шуда, маро фаромӯш кард. Чанд муддат барои хиёнати дӯстдоштаам худро дарунакӣ хӯрдам, вале дидам, ки аз сӯзу гудоз фоидае нест, аз баҳраш тамоман гузаштам.
Дар байн писари холаам аз Русия омаду ҳама хешу табор аз паси арӯскобӣ шуданд. Фаридун дар Русия таҳсил карда буд ва ҳама духтарон ҳавасашро мехӯрданд. Ман низ ошиқи зораш гаштам. Акнун бо ҳар баҳона ба хонаи холаам рафта, ба кору бораш кӯмак мекардам. Холаам тозагии маро дида, нимшӯхию нимҷиддӣ ба писараш гуфт: “Фаридунҷон, ҳамин ҷияни худам ягон камбудӣ надорад, чӣ мешавад, ки аз худӣ келин кунем. Ҳамин ҳафта ба хонаашон хостгорӣ равем?” Ман аз шармлола барин сурх шуда ҷониби ошхонаашон давидам, аммо якбора садои баланди Фаридун ба гӯшам расид, ки мегуфт: “Оча, шумо худатон гуфтед, ки Мадина бо ким кадом бача гаштагӣ аст, боз имрӯз мегӯед, ки ӯро ба занӣ гир, ҳеҷ нафаҳмидам шумоя!”. Донаҳои ашк аз чашмонам ҷорӣ шуданд ва “ман аз ту чунин умед надоштам. Дониста бош, ки ман ягон гуноҳ надорам, дилам аз худам сад фоиз пур аст”гуфта, осемасар баромада рафтам.
Холаам маро аз роҳ гаронданӣ шуд,аммо дигар ба рӯйи очаю бача нигоҳ накарда, гирёну нолон ба хонаамон омадам.
Худро барои ошиқ шуданам сарзаниш мекардам, вале дилам ҳамоно ба ёди писархолаи зебоям гум мезад.
Баъди чанд рӯз Фаридун ба хонаамон омада аз ман бахшиш пурсид ва ваъда дод, ки як моҳ пас хостгор мефиристад. Хотири муҳаббатам ӯро бахшидам. Худро хаёлан дар сари тахти арӯсӣ тасаввур карда, аз шавқу ҳавас дилам лабрез мегашт, вале намедонам писархолаамро кӣ аз роҳ зад, ки баъди чанд вақт боз пӯстинашро чаппа пӯшида, аз ман мегурехтагӣ шуд.
Модарам маро насиҳат карда мегӯяд, киба умеди Фаридун нашавам, чунки никоҳи хешу таборӣ манъ аст,вале ман ӯро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Мадина

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Нелия 2023-05-14, 17:50
Э иншам фаромуш кун. Ту ба ошик шудан 2 +2 барин будааст ку
Посух
Холиса 2023-06-19, 15:09
Духтари беакл холо 20 сола аллакай аз инаш бо онаш ишку ошики карда гаштаи саратро хам кун хапу дам хамон одаме ки дустат дорад худаш меояд пуртокат шав инкадар сабукфикр нашав
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Нелия 2023-05-14, 17:50
Э иншам фаромуш кун. Ту ба ошик шудан 2 +2 барин будааст ку
Посух
Холиса 2023-06-19, 15:09
Духтари беакл холо 20 сола аллакай аз инаш бо онаш ишку ошики карда гаштаи саратро хам кун хапу дам хамон одаме ки дустат дорад худаш меояд пуртокат шав инкадар сабукфикр нашав
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД