Arzon march 2024
Дар ифтор ва иди рамазон дастурхони шоҳона оростан шарт аст?
1097

Моҳи шарифи Рамазонро мардуми мусулмон чун моҳи ибодату бахшиш ва пок шудан аз гуноҳҳо арҷ мегузоранд ва бо рӯза доштану анҷом додани корҳои хайру савоб дар ин моҳ рисолату қарзу фарзи хешро дар назди Худованд адо менамоянд.
Мутаассифона, бо фарорасии ин моҳи бузург амалӣ намудани рисолатҳои мусалмонӣ дар гӯшаи хаёли бархе ба хотири дарёфти савоб намеояд. Баръакс, чунин ашхос ба хараҷу мараҷи беасосу исрофкориҳои бемаврид сар мезананд. Дар ҳоле ки шояд дар ҳамсоягиаш ё дар маҳаллааш оилаи камбизоате зиндагӣ мекунад, ки барои ифтор ё субҳона луқмаи дуруст надошта бошад. Бахусус, исрофкорӣ дар мавриди омода кардани чанд намуд хӯрок барои субҳу шом дар бештари хонадонҳо маъмул аст. Хонаводаҳое ҳастанд, ки то се-чор намуд таом фақат барои шом омода месозанд. Дар ин ҳолат чунин оилаҳоро зарур меояд, то маҳсулоти зиёди озуқаро аз меъёри муқаррарӣ бештар харидорӣ кунанд ва шояд аз ин сабаб нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои кишвар майл ба болоравӣ мекунанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорону тоҷирон дар моҳи Рамазон даъват ба амал оварданд, то нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Пешвои миллат афзуданд, ки дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро дар ин моҳ арзон мекунанд, то бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд.

Шодӣ Самиев солҳост, ки соҳибкориро шуғл кардааст ва иллати қиматии бозорро аз хароҷоти бемавриди аҳолӣ медонад:
- Дар кишвари мо маҳз дар моҳи шарифи Рамазон болоравии нарху наво мушоҳида мешавад, махсусан дар оғозу анҷомёбии он ва айёми ид. Чаро ки маҳз дар ҳамин моҳ мардум бештар ба хотири додани ифтор ва оростани дастархони пурнуқлу навои идона аз меъёр зиёди маводи ниёзи аввалияро харид менамоянд. Фурӯшандаҳои бозор бехабар аз савоби арзонфурӯшӣ аз «фурсати муносиб» истифода намуда, болои нархҳо нархи дигар зам мекунанд, вале дар амалӣ сохтани кори хайр дасткӯтаҳӣ нишон медиҳанд.

Қуръон исрофкориро амали зишт ва ҳаром ҳисобидааст. Зери мафҳуми исрофкорӣ одатҳои пурхӯрӣ, пургӯӣ ва зиёд хобидан дониста мешаванд. Дар сураи Аъроф, ояти 31 омадааст: «Эй фарзандони одам, эй бандагони ман, шумо бихӯреду бинӯшед, чӣ қадаре ки ниёз доред. Танҳо он амале, ки ман аз шумо мехоҳам он аст, ки ба исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда даст назанед». Яъне, исрофкориро Худованд ҳам хуш надорад. Пас, чаро мардум дар моҳи мубораки ибодат ва раҳмату махфират ин қадар ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд? Подошу савоби ғолибияти ақл бар нафс асоси ҳикмати маънавии моҳи Рамазон мебошад.

Унсуралмаолии Кайковус ба писараш насиҳат кардааст, ки баракати рӯзгор аз сарфакорист. Мутаассифона, махсусан дар моҳи Рамазон аксари хонаводаҳо маблағи буҷети барои як моҳ таҳиянамудаашонро барои гузарондани як рӯзи ид ё додани ифтор харҷ мекунанд. Воқеан, Рамазон моҳи ибодат ва саховат аст, вале харҷ бояд вобаста ба имконот бошад, на аз барои зоҳирпарастӣ. Онҳое, ки дороияшон зиёданд, метавонанд ба оилаҳои камбизоат, хонаҳои пирон, маъюбон, ятимону дармондагон хайру садақа намоянд. Аз анҷом додани кори хайр хотири кас хуш ва осуда шавад, вале аз исрофкорӣ баръакс.

Ифтор додан дар моҳи шарифи Рамазонро мардуми мусалмон барои худ фарз медонанд ва новобаста аз имконот дар аксар маҳалҳои кишвар маъмулан ҳар хонавода бо навбат ба аҳли деҳа хӯроки шом медиҳанд. Бонувон ҳатто як рӯз пештар барои пур кардани дастархони рӯзадорон ва додани ифтор омодагӣ мебинанд. Шириниҳо, санбӯса, нону кулча, нӯшобаҳо тайёр мекунанд, то дас¬тархони оростаашон аз сурфаи омоданамудаи ҳамсояашон, ки ӯ ҳам рӯзе пештар ифтор дода буд, болотар бошад.

- Гоҳе мардум бо ис¬рофкориҳою зиёдаравиҳои беасос савобро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд. Ифтор додан дар моҳи шарифи Рамазон беҳтарин амали савоб дониста мешавад, вале дар кадом маврид? Дар сурате, ки шахси ифтордеҳ аз шахси дигаре қарздор набошад ва аз нигоҳи иқтисодию молӣ танқисӣ накашад. Баъдан шарт нест, ки ҳамаро ба ифтор даъват кард. Хӯроки омодашударо ба оилаҳои камбизоат тақсим намудан айни муддаост. Дар сураи Бақара омадааст, ки мувофиқи қудрат ва тавоноӣ Худовандро ибодат кунед. Яъне, аҳкоми дини Ислом инсонро маҷбур накардааст, ки барои хайру саховат қарз бигирад. Зеро, чун анъана хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳатман дар моҳи Рамазон ифтор медиҳанд, новобас¬та аз имконияти доштаашон ба хотири рафъи таънаю маломати атрофиён худро зери қарзи гарон мегузоранд, - иқрор меояд Муслиҳиддин Хоҷамиров.
Аслан, ҳангоми ифтор мардуми мо бо додани як ё ду намуд таом иктифоъ намекунанд. Дастархонро пур аз шириниҳо, кулчаю санбӯса ва дигар меваҳо месозанд, ки шахси рӯзадор наметавонад ҳамаи онро тановул намояд. Рӯзе пас тамоми хӯрокаҳо турш мешаванд ва онро ба партовгоҳ меандозанд. Магар ин исроф нест?Шояд ин таому маҳсулоти барҳадар чандин оилаи ниёзмандро сер метавонист. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз чунин амалҳои зишт, аз ҷумла исрофкориро нораво мешуморад. Чунин иттифоқот дар рӯзҳои ид низ ба мушоҳида мерасанд. Оростани дастархони идона ин амри ҳатмӣ нест, баръакс як намуди хурофот мебошад. Дар рӯзи ид табрики дӯстону наздикон ва дуою фотиҳа барои гузаштагони хамдигар бахшидан кифоя аст. Хонаводаҳои майити навдоштаро табрик бояд кард, то хушҳол шаванд. Моддаи 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид кардааст, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, - мегӯяд Зарнигор Раҳимова, сармутахассиси Кумитаи оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ.
Қутбияи Неъматулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД