goodwell
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 10 ихтисоси нав ташкил карда шудааст
43

 

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ имсол 10 ихтисоси нав арзи вуҷуд намуд. Дар ин хусус имрӯз, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишгоҳи техникӣ муҳтарам Давлатзода Қудрат Қамбар иттилоъ дода гуфтанд:

“Бо мақсади омода намудани муттахассисони ҷавони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй дар донишгоҳ 10 ихтисоси нав ташкил карда шуда, аллакай тариқи маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои довталабон ба ин ихтисосҳо қабул карда шудаанд. Зиёда аз нисфи ихтисосҳои нав, аз ҷумла “Таъминоти барномавии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ”, “Технологияҳои ҳушманд”, “Амнияти киберӣ”, “Криптография” ба соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ рабт доранд....”

Дар рафти суҳбат Давлатзода қайд кард, ки бо мақсади таъмини кори бомароми лифтҳо дар биноҳои баландошёна ва навсохти замонавӣ акнун дар донишгоҳ ихтисоси “Хизматрасонии техникии лифтҳо ва эскалаторҳо”-ташкил карда шудааст, ки дар ин самти барои ҷомеа хеле муҳим муттахассисони ватаниро омода менамояд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД