Побанди шавҳар
Побанди шавҳар набудан, ҳаргиз маънои онро надорад, ки зан бояд аз гуфтаи шавҳари хуб берун баромада, ба қавли маъмул, ўро писанд накунад. Мақсади мо аз овардани ин ибора тамоман чизи дигар аст. Гап дар сари он меравад, ки новобаста ба шиорзаниҳои масъулин зан дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ побанду дастнигари шавҳар боқӣ мемонад. Баъзе мардони муҳтарами мо гумон мекунанд, ки чун зан хонашин аст - ўро бекорхӯҷаву тайёрахўр ном бурдан мумкин аст. Аммо ҳаргиз ин тавр нест…
Масъулияти зани хонашин
Бисёр мушоҳида мекунем, ки мардони мо бо андаке боло рафтан дар зинаҳои мансаб занҳояшонро хонанишин мекунанд, барои онҳо ояндаи зан, доираи муошират ё ба фано рафтани меҳнату хониши ў дар донишгоҳ ҷаве арзиш надоранд. Дар ин гуна ҳолатҳо аксари мардон як гуна амр доранд: “Ман тамоми шароитро бароят фароҳам меорам, ту хона нишаста фарзандонатро тарбия менамоӣ, меҳмонҳои маро қабул мекунӣ ва хизмати хешу табори маро ба ҷо меорӣ!”.
Шумо тасаввур кунед, масъулияти тарбияи фарзанд, кору бори хона, қабулу гусели меҳмон чӣ қадар ташвиш дорад? Ззани хонашин садҳо маротиба зиёд аз онҳое кор мекунад ки ба кори давлат машѓуланд, аммо бо ин ҳама чӣ гуна арзи сипос мешунавад? Оё ҳама вақт аз ин гуна зан ҳамсару фарзандон ризоманд ҳастанд?
Шамсия ном бонуи 55-сола баъди си соли хатми донишгоҳ нав ба кор баромадааст, мегўяд, ки танҳо таънаю маломати шавҳар ўро ба ин маҷбур кардааст…
Шамсия мегўяд, ки бо хоҳиши шавҳари мансабдораш хонашин шуда чор фарзандро тарбия намуда ба ҳаёти мустақил гусел кардааст. Ҳарчанд имрўз фарзандонаш аз ў ҳеҷ чизро дареғ намедоранд, вале шавҳараш ба руи ҳама хизматҳои ў хати батлон кашида, таънааш мезанад, ки ту як рўз кор накардаӣ қадри пулро аз куҷо медонӣ?! Шамсия мегўяд, ки ман тамоми умр новобаста аз зиндагии серу пур ва шоҳонаи доштанам ба хушунати иқтисодӣ гирифтор будам. Шавҳарам ҳамеша маро ба бадхарҷию бепарвоӣ айбдор мекард, вале аслан ман ин гуна зан нестам. Ман дар оилаи муаллим ба воя расида қадри пули меҳнатиро хуб медонам, агар ман бадхарҷ мебудам-имрўз шавҳарам соҳиби ҳавлии боҳашаммату хонаҳои қатор дар пойтахт намебуд… Як сол боз аз рўи ихтисосам кор мекунам, шукри Худованд маош мегираму барои худам сарф мекунам. Шавҳарам ду моҳи аввали ба кор баромаданам «исён» бардошт, ҳоло ба ман коре надорад, аммо ман сахт пушаймонам, ки чаро барвақтар ин корро накардам?!