Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Рязан мардеро боздошт кард, ки ба сӯи панҷ нафар тир кушода онҳоро ба ҳалокат расонид
Бино ба гузориши Кумитаи тафтишотии Русия сокини 32 - солаи деҳаи Елатмаи вилояти Рязани Федератсияи Русия аз айвон ба гурӯҳи ҷавононе, ки бо садои баланд сухан мекарданд, эрод гирифтааст.
Миёни мард ва гурӯҳи ҷавонон ҷанҷоли лафзӣ сар задааст ва пасон мард силоҳи шикории худро гирифта, сӯи чор ҷавон ва як духтар тир кушодааст, ки дар натиҷа он панҷ нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд
Мақомоти қудратии Русия ин шахсро дуртар аз манзилаш боздошт карда, силоҳашро аз хонааш дарёфт кардааст. Нисбати гунаҳкор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад...