Ман Нарзалӣ, муддати се сол аст, ки дар шаҳри Лининград кор мекунам. Роҳбарам. Коргаронам бо корҳои сохтмонӣ машғуланд ва ман дар ҳама мушкилоташон дасти мадад дароз мекунам.
Тоҷики худамон гуфта пули зиёд медиҳам, зеро онҳо ҳам бо умед рӯ ба ғурбат овардаанд, то зану фарзандонашонро хўронанду пӯшонанд. Зиёд шунидаам, ки роҳбарон ҳаммилатони худро дар Русия кор мефармоянду ба қавли русҳо «кидат» карда, пул намедиҳанд, вале ман ҳамеша тоҷиконро зери қанотам мегирам.
Дар як сол як ё ду бор ба Ватан омада мерафтам. Соли гузашта барои хабаргирии падару модар ва зану фарзандонам ба Тоҷикистон омадаму ба Салими ҳамдеҳаам бовар карда, ба ҷойи худам ӯро мувақатан роҳбар мондам. Он бешараф думоҳа маоши коргаронро надода фирор намудааст. Дар се моҳи набудани ман бечора коргаронам хор шуданд.
Ба Ленинград баргашта бачаҳоро дилбардорӣ намудам ва барояшон «аванс» додам, то падару модар ва ба зану фарзандонашон фиристанд. Ҳафтаи гузашта як гурӯҳ духтарони тоҷикро, ки аз ноҳияи Темурмалик муҳоҷир шуда омада буданд, ба кор гирифтам. Ошпазиву либосшӯйӣ мекунанд, то бачаҳои сохтмонии ман азоб накашанд. Хурсандии тоҷиконам барои ман бузургтарин хушбахтист!
Нарзалӣ, аз ш. Ленингради ФР