Чанде пеш дар мавзуи муносибати аъзои оила махсусан муносибат байни келину қайсингил маводе таҳти унвони “Келин бояд бо қайсингилаш чӣ гуна муносибат кунад?” нашр гардида буд.
Аз сабаби оне, ки ин мушкил миёни оилаҳои сунатии тоҷикон яке аз мушкилиҳои мубрам гаштааст, мавзӯи мазкур миёни хонандагон баҳсу мунозираҳои гуногун ва ҷолиберо пайдо намуд. Мазмуни чанде аз онҳоро пешниҳоди шумо менамоем:
Яке аз корбарони сомонаи мо, Камолзода Манучеҳр чунин шарҳ додааст:
- Асалому алейкум. Аввалан ман ба иззати нафси ягон кас расидани нестам. Аммо ҳастан духтарҳое ки намозхону қуръонхон, худотарс бо акл, бо маърифат, ки падару модари худро апаву хохарони худро хурмату эхтиром мекунанд, муносибаташон ба хонаводаи худ хуб ҳасту якдигарфаҳмӣ мекунанд, якдигарашонро дастгирӣ мекунанд, ба якдигар кинаву бадбинӣ надоранд. Нисбати келини хонадон, зани ака ё додарашон ҳурмату эхтиром мегузоранд, ки ин хуб аст.
Дар ин масъала гуфтаниҳои зиёд дорам. Аслан мард ба синни зангирӣ расид, пеш аз он ки фикри оиладор шуданро мекунад, бояд аввал ҷои кори доимӣ дошта бошад.
Пеш аз оне ки хуштоман келини боаклу бо сабр намозхон, куръонхон, мекобад, вале фикр мекунад, ки фарзандони худаш ба чунин талаботаш ҷавобгӯ аст?Вакте ки мард зан мегирад, вазифадор аст, ки талаботи ӯро бароварда карда тавонад. Дар баробари ин бояд хусуру хуштоман келини худро хамчун фарзанди худ кабул кунад на бегона.
Ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳари шавҳар, ки дар мо қайсунгил мегӯянд, ҳақ надорад, ки ба корҳои ӯ ва зиндагии зани бародар ё додараш дахолат кунад. Ҳамчунин келин ҳак надорад ки бе ичозати Шавхараш аз хона баромада ба ягон ҷо равад.
Як корбари мо дар сомонаи инстаграмм бо номи Оиша чунин назарашро баён намудааст:
Дар ин ҷо на ҳама вақт қайсингилҳо гунаҳгоранд кайсингиле ки хонаи падараш мерава то омаданаш худаш чой када нӯшида мебиёя. Баъзе аз келинҳо дар хона хоб. Инхел ҳам ҳаст, ман дидагӣ...
Бахтиёр Ниёзов ин масъаларо чунин мешуморад:
Занҳо хизматгор нестан, занҳо амонати худованд барои мо мардҳо аст. Бо занҳо муносибати хуб дошта бошед. Аллоҳ аз ҳама нозук занро офаридааст. Бе зан зиндагӣ маъно надорад. Зан модар аст, зан фаришта, зан тарбиятгари фарзанд аст. Агар занҳо набошанд, мо мардҳо хор мешавем.
Корбари дигари мо Хайриддин чунин навиштааст:
Бача гунахгор аст. Пеши дахони хохару акаҳояшро гирад. Ягон кас аз аъзои ҳуқуқ надоран ки тарафи зани у гапи ноҷо зананд!
Вобаста ба вазъияти зиндагӣ ва таҷрибаҳояшон хонандагон назароти гуногун доранд. Шумо ба кадом ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шудед? Метавонед дар ин бора назари худро бо мо дар миён гузоред...