Санаи 9-уми июли соли равон дар “Грин Вуд Хаус”-и Алмосии шаҳри Ҳисор ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо васоити ахбори омма дар самти инъикоси масъалаҳои муҳими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии хатарҳои муҳоҷират ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон семинар доир гашт.
Чорабинӣ бо ибтикори Маркази захиравии муҳоҷирон баргузор гашта, ба санаи муҳим - 10-солагии Марказҳои захиравии муҳоҷир бахшида шуд, ки ҳамчун сутуни боэътимод баҳри муҳоҷирон хизмат карда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва машваратӣ мерасонанд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шарвандӣ, коршиносони самти муҳоҷират, васоити ахбори омма ва блогерҳо ширкат варзида, фикру андешаҳои худро дар боби масъалаҳои муҳими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла пешгирии хатарҳои муҳоҷират ва қаллобӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонидани иттилооти саривақтӣ дар боби қонунҳои нави муҳоҷиратӣ, самтҳои нави муҳоҷират, таъмини муҳоҷирони ба ватан баргашта бо ҷойи кор ва инъикоси дурусти ин масъалаҳо дар васоити ахбори омма баён намуданд.
Интизор меравад, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба тақвияти ҳамкории минбаъдаи васоити ахбори омма, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи коршиносон дар инъикоси масоили муҳими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.
@migrant_centre_tj