Sebiston new 2024 october
Дар 6 моҳ беш аз 2000 кӯдакон зиндаятим гаштанд Чаро талоқу ҷудоӣ дар
1905

 

Чаро талоқу ҷудоӣ дар Хатлон меафзояд?

Зӯроварӣ дар оила, дахолати хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй ва дигар хешу табор ба зиндагии ҷавонон, набудани меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар, муҳоҷирати меҳнатӣ, бевафоию хиёнат, дузанагию сезанагӣ ва ҳатто телефонбозию ишқи интернет ба решаи оилаҳои ҷавони тоҷик бераҳмона табар зада, ҳамасола ҳазорон кӯдаконро зиндаятим мегардонад.

Пошхӯрии оила ба мушкили хеле ҷиддии ҷомеаи мо табдил ёфта, шумораи оилаҳои вайроншуда сол то сол меафзояд. Танҳо дар шаш моҳи соли равон дар Вилояти Хатлон 1891 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 381 ҳолат бештар аст.

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, имрӯз, 14-уми июл дар нишасти матбуотии хеш ин нуктаро зикр намуда, гуфтааст, ки бар асари ҷудо шудани 1 891 оила 2 ҳазору 212 кӯдак зиндаятим гаштанд. Тибқи иттилоъи Раҳимзода ҳоло 2 ҳазору 150 кӯдаки зиндаятим гашта дар тарбияи модар ва 62 кӯдаки дигар дар тарбияи падар мебошанд. Аз шумораи умумии оилаҳои вайроншуда 1 591 оила бо ҳалномаи суд аз ҳам ҷудо шуда, боқимонда ақди никоҳҳо бо розигии ҳамдигар, аризаи зан ва ё мард бекорк арда шудаанд.

Сабаби асосии пош хӯрдани оилаҳоро дар набудани муҳаббату дӯстдорӣ, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии оилаҳои ҷавон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва истифодаи нодурусти телефони мобилӣ маънидод мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД