Танҳо дар давоми 4 рӯзи охир 650 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда шудаанд.
Аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба фурудгоҳи Внуково ворид шуда буданд, аз 26 то 30-юми апрел 643 нафарашонро бо сабаб ва баҳонаҳои гуногун ихроҷ намудаанд. Бар замми ин, нисбат ба 117 шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ қарори ихроҷ аз қаламрави Русия қабул шудааст. Дар ин бора Пресса. тч хабар додааст.
«Шаҳрвандон дар боздоштгоҳҳои муваққатии фурудгоҳи Внуково дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири интиқол ба Ватан ҳастанд», — иттилоъ додааст манбаъ.
Тоҷикон дар фурудгоҳҳои Шереметево, Жуковский ва Домодедово низ айнан дар чунин ҳоланд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар ба таври қатъӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Федератсияи Русия худдорӣ намоянд.