Саломи гарму самимӣ нисоратон хонандагони азизи “Оила”! Ман мехоҳам оиди зан -модар, тарбиядиҳандаи насли башар, олиҳаву зебоӣ ҳарф бизанам.
Ман худ зан, модар ҳастам ва бо ин фахр мекунам. Дар ҳаёт бо ҳама чиз ва бо ҳама кас вохӯрдан мумкин аст, яъне бо инсонҳои хушсухан ва бадсухан. Аммо ман фикр мекунам зан - модар бояд ҳамеша хушсухану меҳрубон ва нозуку нафису зебо бошад.
Рӯзи гузашта дар хатсайри 11 савор шудам. Дар назди ман зане нишаста буд. Вақте мусофирон ба нақлиёт ворид мешуданд, зан “ба ман нарасед” гуфта, мусофиронро дашномҳои русӣ мекард. Азбаски дохили нақлиёт танг аст, хоҳ нохоҳ одам ба одам мерасад ва мо бояд ин қоидаро дарк намуда, баъдан вориди нақлиёт шавем. Ин зан бо дашному алфози қабеҳ ҳатто бо мардҳо муноқиша карда, мисли саги девона занҳоро тела медод. Аз чунин рафтори ҳамҷинси худ шармам омад.
Албатта, ман ҳамаи занҳоро гунаҳкор карданӣ нестам. Занҳое ҳастанд, ки бо рафтори хубу шоиста дар ҷомеа мавқеи муайян доранд, аммо мутаассифона ками дар кам. Зан бояд пеш аз ҳама зан буданашро фаромӯш насозад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳар гуна инсонҳо ҳастанд, дағалӣ ҳеҷ гоҳ ба зан намезебад. Сабру таҳаммул ва меҳрубонию хушсуханӣ ба зан ҳусни дигар зам мекунад.
Шарму ҳаё зиннати зан аст. Баъзе занон чунон бешарманд, ки ҳангоми сухан кардан фикр мекунанд худашон танҳо бошанд. Чашмонашон чунон кӯр мешавад, ки одамони гирду атроф дар назарашон наметобанд. Вақте занҳои бадсухану дағалро мебинам, хеле ғамгин мешавам ва ба андеша фурӯ меравам, ки ин гуна занҳои бефаросат фарзандони худро чӣ гуна тарбия медода бошанд, бо шавҳар чӣ хел муносибат дошта бошанд.
Магар чунин зан ҳурмати хушдоману модари худро ба ҷой меоварда бошад? Шумо чӣ андеша доред, азизони дилу дида?