Эрон гаҳвораи Наврӯз ба ҳисоб меравад ва дар ин кишвар онро бо шукӯҳи хосса ҷашн мегиранд.
Чанд ҳафта қабл аз иди Наврӯз эрониҳо гандум сабз карда, бо он хонаҳоро оро медиҳанд. Гандуми сабз нишонаи сарсабзӣ аст, онро 13 рӯз баъди соли нав дархона нигоҳ дошта, баъд ба дарё мепартоянд. Чоршанбеи охирини қабл аз Наврӯз чун анъана дар кӯчаҳо оташ мегиронанд, ки нишонаи рӯзи нав ва хушбахтӣ дар соли наваст. Инро “Чоршанбесурӣ” мегӯянд. Одамон дар ин рӯз бо шавқ аз болои оташ парида нидо мекунанд: «Сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир!».
Барои он ки тамомиорзуҳо ҷомаи амал пӯшанд, дар шаби Наврӯз хӯроки махсусеротавйёр мекунанд, ки аз писта, нахӯди бирён, бодом, чормағз, биринҷ, ғулинг, мавиз омода шуда, аз қадимдар кишвари Эрон муқаддас маҳсуб меёбад.