arzon replenishment
Чизкейк бо ширқиём
2240

                               Маҳсулоти лозима:

250 грам – печен

70 грам – маска

500 грам – панири Labne (сливочный сыр)

200 грам – қаймоқ

150 грам – шакар

3 дона – тухм

25 грам – орд

20 грам – крахмал

5 грам – ванелин

3 – 4 қошуқ – ширқиём

                           Тарзи таҳия:

 

Дар зарфе печенҳоро мегирем ва дар блендер мегирем майда мекунем. Ҳар гуна печен бошад мешавад. Агар блендер набошад дар зарф гирифта майда кунед, мешавад. Печенҳоро ки майда кардед 2 -қошуқашро барои ороишаш гузоред ва ба боқимондааш маскаро об карда илова кунед ва хуб омехта кунед.

Ба қолаб равған молида ба он қоғази прегамент тунук мекунем ва маҳсулоти бо печен омода кардаро дар он мегирем ва бо стакон пахш мекунем. То омода шудани малҳам (крем) дар яхдон меистад. Дар зарфи дигар панири Labne гирифта омехта мекунем ва ба дарунаш қаймоқ илова карда лат мезанем.

Ним стакон шакар, ванелин, тухмҳоро як –як андохта лат мезанем. Баъдан орд, крахмал, ширқиём илова карда, лат мезанем. Малҳамро (крем)- ро ба қолаб аз болои печенҳо мерезем ва дар тагаш дар як коса оби гарм гирифта дар зери чизкейк дар тафдон мемонем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 – 35 дақиқа то пӯхтанаш меистад.

Баъди хунук шуданаш як шаб дар яхдон меистад дам мегирад. 4 – 5 қошуқ ширқиёмро об карда ба болояш мерезем. Мувофиқи табъи худ метавонед ба болояш фундук ё дона монед. 30 дақиқа дам мегирад баъдан мебуред ва истеъмол мекунед.

                      Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД