Arzon march 2024
Чилахон Холов бемори саратон аст?
3113

Чанде қабл сомонаи "Оила" дар бораи бемории овозхони маҳбуб Чилахон Холов хабар дода буд.

Ин субҳ як нафари наздик ба сароянда зимни суҳбат бо мухбири сомонаи “Оила” гуфт, устод мубталои бемории саратонанд, аммо, мо натавонистем ин иддаоро тасдиқ ё рад намоем.

Қабл аз ин, рӯзи 18 июн рӯзномаи "СССР" навишта буд, ки сароянда баъди ҷарроҳии аввалаш дар бинои 10-уми беморхонаи "Қарияи Боло" барои ташхиси комил ба Маскав, ба Маркази саратоншиносии ба номи Блохин, меравад.

Чилахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб аст ва худро яке аз пайравони Карими Шиш медонад. Ӯ аз ҷумлаи сермаҳсултарин ҳунармандони Тоҷикистон аст, ки бисёратар таронаҳои халқӣ месарояд ва бо ҳамин сурудаҳояш дар байни мардум мухлиси зиёд дорад.

Аз идора: Мо аҳли эҷоди сомонаи “Оила” ба ҳунарманди маҳбуб шифои комил мехоҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД