Formula novemver 2024
ЧИ КОР КУНАМ КӮДАКАМ КАМОБ НАШАВАД?
1075

 

Бештари вақт дар хонаам дору надорам ва барои саривақт пешгирӣ кардани беобшавии кӯдакам кӯмак карда наметавонам. Ягон маслиҳат диҳед?

Макнуна, н Дӯстӣ

Посухи табиб,Мирзоева Зуҳро

Ҳама кӯдакони хурдсол ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд, ки зуд онҳоро пажмурдаю беҳолат мегардонад. Беобшавии организим бошад асосан ба дарунравии зиёд, партопато ва ҳарорати баланди бадан ва гум шудани иштиҳо падид меояд.

Барои ин бояд кӯдакро зиёдтар нушонидан лозим аст. Маҳлули регедрон, чой оби ҷӯшидашуда, мураббочой, асалчой, ҳамчунин, барои иштиҳояшро барқарор кардан аз лимончой низ истифода баред. Ба ғайр аз ин биринҷро ҷӯшонида оби онро ба кӯдакатон диҳед.

Агар дар хонаатон регедрон набошад, метавонед дар шароити хона бо чунин тарз онро тайёр кунед: Дар як зарфи андозааш як литр, оби ҷӯшомадаи ширгармшударо андохта ба он як қошуқи калон шакар ва ним қошуқча намакро андохта, омехта намуда, даҳонашро пӯшида, пас аз 15-20 дақиқа додани он муфид аст.

Бояд ёдовар шавем, ки маҳлули омода карда шударо ҳар 3-5 дақиқаи як қошуқи додан лозим аст. Солимии фарзандони шуморо хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД