Дар наздикии шаҳри Дунхуани музофоти хитоии Гансу барои уштурҳо чароғак насб карда шуд. Вақте чароғак сабз мешавад, уштурҳо аз роҳ мегузаранду баробари сурх шудани он сайёҳон роҳро убур мекунанд. Шаҳри Дунхуан дар канори биёбон воқеъ аст. Он ҳамчун дарвоза ба Чин дар Роҳи бузурги абрешим хизмат мекард ва гаҳвораи буддоиҳо дар Чин ба ҳисоб меравад. Зиёрати куҳи Минша, ғори Могао ва кӯли Моҳи нопурра миёни сайёҳон хеле маъмул гаштааст. Бояд қайд намуд, ки сайёҳат бо уштурҳо дар ин минтақа рӯз ба рӯз зиёд мегардад.