Ӯ ҳамагӣ 30-сол дошт ва дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде мепарварид, аммо тундбоди тақдир нагузошт, ки ин ҷавони ноком ормонҳои худро дар зиндагӣ бишканад. Ғофил аз бозиҳои номардонаи тақдир он рӯз ба сафар баромада, вай ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин сафар барояш сафари охирин мегардад. Оре, Завқиёр он рӯзи наҳс бо пойи худ аз хона баромада рафту баъди чанд соат пайвандони ҷигарсӯхта ва ёру дӯстонаш ҷисми ба хоку хун оғӯштаи ӯро бо азобҳои алим аз ҷуқурии беш аз 27 метр берун кашида, гирёну нолон ба хона оварданд.
Дар сари тобути Завқиёри ҷавонмарг натанҳо падару модар, хоҳару бародар ва хешу табор гиря мекарданд, балки гӯё худованд ҳам ба хазони умри ин навҷавони пурормон мегирист...
Ин фоҷиа ҳамагӣ ду рӯз қабл дар ноҳияи Спитамени Вилояти Суғд сар зада, боз як модари тоҷикро ба доғи фарзанд гирифтор намуд ва боз як хонаро мотамсарой гардонд. Завқиёр Раҳимови 30-сола бо пойи худ ба сафар рафту аз он ҷониб ин ҷавони рустамбозуро дар тобути хунчакон ба хона оварданд.
Тавре ки Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, Завқиёр Раҳимов бар асари як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” ба ҳалокат расидааст. Ба итилоъи манбаъ, тахминан соатҳои 22.00-и рӯзи 3-юми октябр, мошини «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” бо сабаби аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронанда Авазбек Маматқулов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба канори чапи роҳ баромада, ба ҷарии қаъраш беш аз 27 метр чаппагардон шудааст. Бар асари ин ҳодисаи нохуш худи ронанда ва мусофирон Ҷавоҳир Умарови 21-сола, Равшан Ортиқови 31-сола ва Далер Элмуродови 19-сола ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, Завқиёр Раҳимови 30-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон ронанда ва мусофирони ҷароҳатбардошта дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд, ҷисми бе ҷони Завқиёри нокомро бошад, пайвандонаш бо гиряву нолаҳои зор ба хок супурданд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.