formula
Чаро зардпарвин авҷ мегирад?
03.12.2022
Mahina
810


Тавре ки Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқуллода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар нӯҳ моҳи соли равон дар кишварамон 1850 нафар ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад.

Аз ҳамин хотир бо мақсади пешгирии ин беморӣ мо қарор додем дар бораи зардпарвин ба шумо каме маълумот диҳем.

Зардпарвин чӣ гуна беморист?
Зардпарвин аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, кас дар синну соли гуногун ба ин касалӣ гирифтор шуда метавонад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд.

Барангезандаи ин беморӣ асосан вирусҳое мебошанд, ки дар таркиби хуни инсон ба харобкорӣ сар мекунанд. Гирифторшавӣ ба касалии зардпарвин дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ бештар ба назар мерасад.

Сабаби маҳз дар ҳамин фаслҳо авҷ гирифтани зардпарвин дар он аст, ки барангезандагони ин беморӣ-вирусҳо дар ин давра зиёд мешаванд.
Нишонаҳои зардпарвин
• Албатта ҳар як беморӣ нишонаҳои худро дорад. Нишонаҳои аввалини зардпарвин, камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, гум шудани иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд. Баробари пайдо шудани ин нишонаҳо шахс бояд фавран ба духтури минтақавӣ муроҷиат намояд.

Дар сурати беэтиноӣ нисбати беморӣ ва сари вақт аз паси табобат нашудан нишонаҳои иловагӣ аз қабили эҳсос кардани вазнинӣ дар тарафи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб (сурхчатоб) зард шудани пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон зуҳур намуда, ин зардӣ дар пӯст низ ба мушоҳида мерасад. Ҷигар калон ва сатҳи эритроцитҳо дар хун баланд шуда, ҳоли бемор вазнинтар гашта метавонад.

Намудҳои зардпарвин
Зардпарвин аслан намудҳои гуногун дорад, ки ҳар кадом нишонаҳои хоси худро доранд, вале имрӯз мо дар бораи се намуди он, ки бештар ба назар мерасанд, маълумот медиҳем:
1. Зардпарвини ҷигар (паренхимӣ).
2. Зардпарвини механикӣ.
3. Зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ).
Дар сурати гирифтор гаштан ба зардпарвин ҳуҷайраҳои ҷигар осеб ёфта, эҳтимоли ба рӯда гузаштани билурубин ба миён меояд.
Чаро бештар кӯдакон ба зардпарвин гирифтор мешаванд?

Гирифторшавӣ ба зарпарвин дар байни кӯдакону наврасон бештар ба назар мерасад. Тавре ки Наврӯз Ҷаъфаров қайд кардааст, соли равон гирифтории кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба ин беморӣ 94 фоизро ташкил медиҳад.

Соли гузашта низ нишондиҳанда чунин буд.
Сабаби бештар ба зардпарвин гирифтор шудани кӯдакону наврасонро табибон дар ба гигиенаи шахсӣ хуб риоя накардани онҳо маънидод менамоянд.

Ба калонсолон, хоса ба падару модароне, ки фарзандони хурдсол доранд, тавсия дода мешавад, ки барои пешгирии ин беморӣ кӯдаконро бе назорат нагузоранд, ба хурдтаракон тез-тез шустани дастҳоро бо собун ва дигар воситаҳои шустушӯӣ ҳамеша гӯшзад карда истанд ва таъкид намоянд, ки меваю сабзавотро ношуста, ба даҳон бурдан қатъиян манъ аст.

Омили дигаре, ки боиси гирифтор шудан ба зардпарвин гашта метавонад, ин нӯшидани оби ноҷӯшида мебошад, бинобар ин, нагузоред, ки фарзандони шумо аз зери кран об нӯшанд.

Дар хонае, ки кӯдак ҳаст, бояд ҳамеша оби ҷӯшонидашуда мавҷуд бошад ва кӯдакон одат кунанд, ки оби ноҷӯшидаро ба ҳеҷ ваҷҳ нӯшидан мумкин нест.

Нишонаҳои зардпарвинро мушоҳида кардед, чӣ бояд кард?
Бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини зардпарвин ҳатман ба табибон муроҷиат намудан лозим аст. Барои аниқ намудани беморӣ духтур метавонад ташхисҳои зеринро таъин намояд:
Ташхиси умумии пешоб.
Ташхиси умумии хун.
Ташхиси биокимиёвии хун.
Хун барои муайян кардани сатҳи белорубин дар хун.
Ташхиси ултрасадоии УЗИ-и ҷигар.

Пас аз гирифтани натиҷаи ташхисҳо, агар дар ҳақиқат бемор ба зардпарвин гирифтор гашта бошад, ӯро дар беморхона бистарӣ менамоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бистарӣ кардани мариз набояд саркашӣ кард, зеро зардпарвин бемории сироятӣ буда, ба дигар аъзоёни оила сироят намуда метавонад.

Бемории зардпарвин аз таъсири вирус пайдо мешавад ва шахси сироятёфта барои атрофиён манбаи сироят маҳсуб меёбад, бинобар ин, бемор бояд фавран аз атрофиён ҷудо ва бистарӣ карда шавад.

Ба бемор меваю сабзавот диҳед!
Дар баробари доруву дармони фармудаи табибон ба бемор меваю сабзавоти тару тозаи сервитамин додан лозим аст, то зудтар шифо ёбад.

Барои гирифторони бемории зардпарвин меваю сабзавот, аз ҷумла тарбуз ва маҳсулоти ширӣ муфид мебошад, чунки иштиҳоро мекушоянд ва хусусияти пешобронӣ доранд. Мӯяки ҷуворимакка варами ҷигарро рафъ карда, хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД