Sebiston new 2024 october
Чаро шавҳар занро мезанад?
8042


Ба мушоҳида расидани ҷангу ҷанҷолҳои барзиёд дар оилаҳои ҷавон касро ба гирдоби андеша мекашад, ки кӣ бештар гунаҳкор аст: зан ё мард?

Ба хотири пайдо намудани посухи ин суол назарпурсие гузаронидем, то ки паҳлӯҳо ва сарчашмаи асосии пайдоиши хушунатро маълум намоем.

Сарабек, аз шаҳри Душанбе:
Занам ба задан маҷбур месозад
-Ман ронанда ҳастам ва субҳ то шом корам мусофиркашонӣ аст. Баъзан аз нофаҳмиҳои бо мусофирон ба амал омада асабам чунон хароб мешавад, ки ногуфтанӣ. Ғур-ғурҳои занам ба рӯи сӯхта намакоб мегардад ва маҷбур мешавам, ки ба ҳар гапи гардондааш як шаппотӣ занам. Шояд ба шаллоқхурӣ одат кардааст, ки ҳеҷ ислоҳшавиашро намебинам. Рафтори ноҷои занон боиси пайдоиши хушунат мегардад.

Мушаррафа, аз ноҳияи Файзобод:
Хотири фарзанд аз шавҳарам ҷудо шудам
Шавҳарам инсони бад набуд, вале истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро дӯст медошт. Дар ҳолати мастӣ чӣ кор карданашро намедонист. Маро зери лату кӯб қарор дода, дашномҳои қабеҳ мекард. Ин манзара ба фарзандонам таъсири бад мерасонид, зеро ҳар гоҳи падарашонро маст дидан фиғону нолаашон ба осмон мепечид. Бачаҳоям талхакаф шуда аз ман хоҳиш мекарданд, ки дар ҷое пинҳон шаваму аз зарбаҳои шавҳари бадмастам худро эмин нигоҳ дорам. Маҷбур шудам, ки аз шавҳарам ҷудо шавам, зеро намехостам фарзандонам дар чунин муҳити носолим бузург шаванд. Дар танҳоӣ ба воя расонидани фарзанд мушкил аст, лекин ба хотири хушахлоқ ба воя расидани кӯдаконам аз шавҳарам ҷудо шудам.


Умедвор будам, ки ин марди заҳри талхи ҷудоиро чашида ба қадри зани меҳрубону хонаву дари обод мерасад, аммо хаёлам хом баромад.


Кароматулло, аз шаҳри Душанбе:
Зулм аз хиёнат сар мезанад
-Хиёнатро метавон дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намуд, зеро мавзӯи фаррох ва домандор аст. Аммо аксаран маҳз хиёнат боиси сар задани ҷанҷолҳои оилавӣ мегардад. Фош гаштани сирри хиёнати шахси азиз дар ниҳоди инсон оташи рашк ва қаҳру ғазабро аланга дода, ба моҷаро ва ҳатто баъзан ба хонавайронӣ мерасонад. Кам нестанд касоне, ки ба чашидани заҳри қаттоли хиёнат тоб наоварда, даст ба худкушӣ задаанд. Фикр мекунам, ки ин дарди ҷонкоҳро муолиҷа кардан кори осон нест, вале агар ҳамагӣ талош намоем, шояд оқибат зӯроварӣ дар оила оҳиста-оҳиста аз миён равад.

Нигина, аз ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ:
Бесаводӣ гунаҳкор аст
-Агар инсон дар муҳити солиму тарбияи волидони пуртаҷриба ба воя расида бошад, масъулияти зиндагиро хубтар дарк мекунад. Сатҳи баланди дониш ва фарҳангу маърифати воло имкони гирифтани сари роҳи хушунатро медиҳад. Мустаҳкам набудани заминаи таълиму тарбия нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меораду моро маҷбур месозад, ки аз реша давонидани хушунат лаб ба шикоят барем ва барои пайдо намудани роҳҳои пешгириаш талош намоем. Барои ҳамсарашро эҳтиром намудани писар, дидани эҳтироми падар нисбати модараш ва донишу фазилатро соҳиб буданаш нақши муҳим мебозад.

Зубайдулло, аз ноҳияи Рӯдакӣ:
Рашк намаки зиндагист, вале…
-Ба андешаи ман, мардҳо бештар аз рашк занашонро мезананд. Аз як тараф рашк намаки муҳаббат ва нишонаи дӯстдорист, вале ҳар чиз ҳадду ҳудуд дорад. Дар хӯрок намак зиёд ояд, тамъаш шӯр мегардад, аз меъёр зиёд шудани рашк ҳам хосияти хуб надорад ва метавонад бо фоҷиа анҷом ёбад.

Маҳмадсаид, аз шаҳри Ваҳдат:
Телефон ба сари зан бало меорад
Аксаран занҳо аз пушти телефон шатта мехӯранд. Марди бегонае тасодуфан ҳам занг занад, ба сари зан бало меояд. «Ту бо он мардак робитаи ошиқона дорӣ»-гӯён м,о мардон то диламон хунук шудан занамонро лату кӯб мекунем. Ман ҳамчун мард иқрор мешавам, ки баъзан баъди занамро задан пушаймон мешавам, вале сир бой намедиҳам, чунки ин аз рӯйи мардӣ нест.

Фарзона Маҳмадиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД