Кулли ҳамватанони гиромиро бо фарорасии Иди Қурбон муборакбод гуфта, дуо мекунем, ки Худованди меҳрубон кулли амалҳои хайру савоби бандагнаш, хоса қурбонии шахсонеро, ки барои ризои Аллоҳ мол забҳ мекунанд қабул карда, аз аҷру подоши худ касеро бе баҳра нагузорад. Қурбонӣ як еаз ибодатҳои молии дини мубини ислом буда, вақт ва қоидаҳои худро дорад. Тибқи сарчашмаҳои динӣ пеш аз вақт қурбонӣ кардан ҷоиз нест ва шахсе, ки ин амалро анҷом медиҳад, қурбониаш дуруст намешавад. Мӯҳлати қурбонӣ кардан се рӯз буда, аз тулӯи субҳи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа оғоз меёбад ва қабл аз ғуруби рӯзи 12 –уми Зулҳиҷҷа ба поён мерасад.
Пеш аз намози ид қурбонӣ накунед!
Баъзе касон мехоҳанд кори худро осон намуда, бегоҳи ид моли қурбониро забҳ намоянд, то гӯшт хуб намак хӯрад, вале ин амал раво нест. Қурбониро бояд баъд аз хондани намози иди қурбон оғоз кунанд, яъне моли қурбониро баъди анҷоми намоз сар буридан лозим аст. Дар деҳотҳое, ки дар он ҷо намози ид баргузор намегардад, метавонанд, баъд аз дамидани суҳб қурбонии худро анҷом диҳанд. Забҳи чорвои қурбонӣ дар рӯзи аввал афзал аст.
Чаро шабона қурбонӣ кардан раво нест?
Саволи матраҳ ин аст, ки чаро шабона қурбонӣ кардан ҷоиз нест ва мушкилӣ дар чист?
Намояндагони дини мубини ислом мегӯянд, ки шояд ба хотири он қурбонии шабонаро манъ кардаанд, ки бо иллати торикӣ дар вақти забҳ хатогие сар мезанад, ягон рагаш нобурида мемонад.
Дар замонҳои пеш баъд аз намози шом ҳама ҷоро торикӣ фаро мегирифт ва шароити чароғон кардани ҳалвӣ вуҷуд надошт, аз ҳаимн хотир рӯзона моли қурбониро забҳ мекарданд. Албатта ҳоло сари ҳар қадам равшанӣ ва чароғҳои барқӣ фурӯзон ҳастанд, аммо то ба имрӯз тиби маҳзаби Имоми Аъзам қурбонии шабона ҷоиз нест.
Худо моли қурбонир рӯзи қиёмат
ба соҳибаш бармегардонад?
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои динӣ қурбонӣ крадан аҷру савоби зиёде дорад. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед». (Ривояти Байҳақӣ)