Arzon march 2024
Чаро Саида дар шаби тӯяш девона шуд?
2174

Давомаш...

                         Хандаи бахт

Дар деҳа ҷуфтҳое буданд, ки ишқашон овоза мешуд, бархе ба аҳд устувор меистоданду бархи дигар ба ёрашон вафодорӣ намекарданд. Аммо дар ҳаққи Саида ягон гапу ҳарф набуд, ӯ ба ягон нафар рӯйи хуш намедод, ҳама ӯро чун як духтари боиффату хушахлоқ мешинохтанд ва хостгорҳояш аз мӯйи сараш зиёдтар буданд. Чуноне дар боло гуфтем, Мулло Амон аз шариати ислом хуб огаҳ буду ҳаргиз ягон фарзандашро ба коре маҷбур намекард. Келину домодро худаш интихоб кунад ҳам, албатта дили фарзандонашро мепурсид. Саида ягон домоди маъқул намудаи падару модарашро хуш накард, ин амали духтари кенҷа модарро ба ташвиш оварду як рӯз дар хилват ба ӯ гуфт:

-Ҳой духтар, ба умеди мӯйҳои дарозу қомати баланд, қошҳои пайвандият нашаву шӯ карда, рав. Чаро ҷавонҳои хушрӯйро ноумед мекунӣ? Янгаат дугонаи ҷамолакият буд, имрӯзу пагоҳ соҳиби фарзанд мешавад, ту чӣ? Нигоҳ карда мешинӣ?-Саида модарашро зиёд дӯст медошт ва бо ӯ мисли дугона буд ва оҳистаяк гӯё касе онҳоро мешунида бошад ба гӯши модар гуфт:

-Очаҷон, агар ҳамин панҷшанбе касе хостгорӣ биёяд, ҳамунро мегирам! Модар аз ин гапи духтарашро шӯхии навбатии ӯ пиндошта, қаҳраш омада гуфт, -Ҳайити каҷпо, ки биёяд медиҳамат ба ҳамун...

Ва рӯзи панҷшанбе писари раиси ҷамоат Саодатбибӣ барои писари ягонааш Ҷамшед, ки дар донишгоҳ ғоибона таҳсил мекарду дар ҳукумати ноҳия кор мекард, хостгорӣ омад. Мулло Амон Саодатбибиро хуб мешинохт, ин зани мардсифат баъди дар садамаи нақлиётӣ фавтидани ҳамсараш писарашро танҳо ба воя расонида буд. Ҷамшед ҷавонмарде буд, ки сад кас ҳаваси чун ӯ домод доштанро мехӯрд. Волидони Саида аз вай напурсида, розигӣ доданд ва ин табъи дили Саида буд, ӯ дар тӯйи духтархолааш бо Ҷамшед шинос шуда буд. Он вақт дар синфи нӯҳ мехонд, аз ишқи онҳо танҳо писархолааш Аваз хабардор буду халос, Аваз рафиқи беҳтарини Ҷамшед буд ва вохӯриҳои онҳоро тавре ташкил мекард, ки касе намефаҳмид.

                             Фалокат

Вохӯриҳои Ҷамшеду Саида дар доираи одоб танҳо бо сӯҳбат мегузаштанд, онҳо ба ҳамдигар ишқи бузург ва эҳтироми хоса доштанд. Ҷавон ба духтар ваъда дода буд, ки баъди тӯй ӯро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мекунад, зеро медонист, ки Саида муаллимаи математика шуданист, аммо бародарону падараш зидди хондани ӯ буданд. Саида дар ҳамболи мурғи бахт худро хушбахттарин духтари дунё меҳисобид, духтарони деҳа, ки ба Ҷамшед бо чашми харидорӣ менигаристанд, байни худ мегуфтанд, ки қаламқоши хаппак ҳам бало будааст. Он солҳо овардани ҷиҳоз ба арӯс ҳам мисли як маъракаи зебо мегузашт ва ду рӯз пеш аз овардани сару по Саида ба қавли худаш «уборкаи генералӣ» оғоз кард. Вақти тоза кардани боғ нохост морҳои сафед аз пешаш баромаданду духтар онҳоро бо каланд зада кушта, оташ зад. Модараш инро фаҳмида, чунон зиқ шуд, ки мегӯи ягон одам мурда бошад, дилаш нашуд, ки духтари арӯсашро ҷанг кунад, аммо дилаш сип-сиёҳ шуд. Бегоҳ Саида сару танашро шӯста, ба ҷогаҳ даромаду ӯро таб гирифт ва дигар ба ҳуш наомад. Чил рӯз беҳушу беёд буд, на духтурон ба дардаш даво меёфтанду на муллову табиб, баъди чил рӯз ӯ чашмонашро кушод, аммо хотираашро гум карда буд. Бо касе гап намезад, дар кунҷаке орому хомӯш менишаст, агар хӯрок ё обаш диҳанд, онро мехурд агар не, чизе талаб намекард. Модар аз ғами духтари нозанинаш ба бемории фишори хун гирифтор шуд, падар низ дилаш месӯхт. Оқибат дарди духтари нозанинашон онҳоро ба домани хок кашид.

Ҷамшед ду сол сиҳат ёфтани Саидаро интизор шуд, баъд зан гирифту хона обод кард. Чун модараш ба нафақа баромад, ба пойтахт кӯч бастанд. Ягона ҳамдаму парастори Саида янга ва дугонааш Салима аст, инак, онҳо ба 55 қадам ниҳоданд. Салима соҳиби панҷ писару ду духтар келину набераҳо аст. Саида ба касе халал намерасонад, ба дунёи худаш ғутавар аст. Қариб бист сол гап назад, баъд гоҳе хотирааш ба ҷояш мерасаду чизҳоеро нақл мекунад, мепурсад, боз хотираашро гум мекунад.

Зиндагӣ гардишҳои зиёд дорад, аммо пайвандон ба ин ҳол афтидани Саидаро аз он медонанд, ки морҳои беозорро кушт, зеро онҳо мори оддӣ набуданд.

Боз кӣ медонад, ки чӣ гап аст?

                                                               Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД