Arzon march 2024
Чаро Саида дар рузи тӯяш девона шуд ?
2205

 

 

  Қаламқош  

Саида аз авлоди мардони ботақво, набераи домуллои машҳуре буд, аммо падараш донандаи хуби дини ислом бошад ҳам, ҳаргиз бо ин ифтихор намекард, балки қатори мардум кор мекарду бо нони деҳқонӣ зиндагияшонро пеш мебурд. Мардум аз рӯйи эҳтиром Мулло Амон мегуфтанд падарашро, ки ҳашт фарзандро дар рӯҳияи раҳмдилию меҳнатдӯстӣ ба воя мерасонид. Чор писар ҳама пушти касби падар рафта, боғдорӣ, чорводорӣ ва заминдорӣ мекарданд. Падару модар аввал духтари калонӣ Оминаро ба шавҳар доданд, баъд писаронро як-як хонадор карданд, Саида, ки духтари кенҷа буд, хостанд аввал акаи хурдияшро хонадор кунанду баъд ӯро. 

Саида дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд, баъди дарс ба сари замин рафта, ба кори янгаву акаҳояш ёрӣ мерасонд ва хушдорони зиёде дошт. Мактабро хатм карданду ӯ дугона ва ҳамсинфаш Салимаро барои келин кардан ба акаи хурдияш ба волидонаш тавсия дод ва онҳо гапашро гирифтанд. Салима келин шуда ба хонаи дугонааш омад. Саидаи қаламқош аз ин хеле хурсанд буд ва аз таҳти дил ба корҳои янгааш ёрӣ медод, ба вай ҳама рози дилашро мегуфт ва орзуҳои зиёде дошт. Салима низ дугонаашро зиёд дӯст медошту сири дилашро гӯш мекард. Ҳамсинфон Саидаро барои абрӯвони сиёҳи зебои тоҷиконааш қаламқош мегуфтанд ва ҷавонони зиёде бо расми харидорӣ ба вай менигаристанд, аммо хушабрӯ дар дил ҳаваси касеро мепарварид, ки ҳеҷ кас намедонист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД