Formula novemver 2024
ЧАРО РОҲГУЗАР РОНАНДАРО КОРД ЗАД?
3159


Безургонамон беҳуда нафармудаанд:
Сухан талху ширину гарм асту сард,
Сухан заҳру позаҳру дармону дард.

Сухан қудрати азиме дорад. Одамизод қодир аст, ки бо сухани ширин ҳатто шеру паланг ва мору аждарро ба худ ром созад, вале як сухани ноҷо, як ҳарфи беандеша, як гапи дағалу дурушт касро ба балои азим гирифтор карда метавонад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи нохуш ва хунине мебошад, ки дар ноҳияи Спитамен сар задааст.
Он рӯз ҳаво хеле тира ва пур аз чангу ғубор буд. Нисфирӯзӣ, соат тахминан 14:00, ҷавони 25 сола мехост аз роҳ гузарад, вале ҳамин ҳангом мошине чунон бо шаст аз наздаш гузашт, ки кам монда буд зераш кунад. Ҷавон ба ғазаб омада ронандаро дашномҳои болохонадор дод. Аз афташ ронанда ҳарфҳои ӯро шунид, ки мошинро нигоҳ дошта, фаромад.
Ҳамин тавр байни онҳо низоъ ба амал омад. Ҷавони бадхашм дар рафти ин моҷаро аввал ба рӯи ронанда як мушти обдор зад, баъд бо зарби корд ӯро ба замин афканд.

Хун мисли фаввора ба чор тараф пош мехӯрд. Ронандаи захмишударо дарҳол ба бемористон интиқол доданд, нисбати роҳгузари бадхашм бошад, бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Ин ҷавони 25-сола, ки сокини ҷамоати деҳоти Накати ноҳияи Спитамен мебошад, дар расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар муттаҳам дониста мешавад.

Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дошта, тақдири ҷавони авбошро суд муайян хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД