Марк Сукерберг, барномасози амрикоӣ ва асосгузори ширкати “Facebook” ба бемории “далтонизм” гирифтор аст ва рангҳо, аз ҷумла ранги сурху сабзро хуб дида наметавонад.
Ба ҳамин хотир, “Facebook” ранги кабуд дорад, зеро ӯ ин рангро ба хубӣ мебинад ва фарқ карда метавонад.
Ҳар даҳумин марди рӯйи Замин ба бемории “далтонизм” гирифтор аст. Занҳо бошанд, нисбатан камтар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.