Arzon march 2024
Чаро Насима шавҳари рус кард? Қисми 1
1979

                                Сири модар

Насима дар оилаи носолим ба дунё омада бошад ҳам, духтари боодобу хушахлоқ буд, ҳарчанд мегӯянд, ки аз модари бероҳа духтури хуб ба дунё намеояд. Насима аз рӯзе, ки худро ёд дорад, ҳамроҳи апааш Шамима ва модараш Розия танҳо мезист. Чун ӯ аз модараш падарашро мепурсид, ӯ ҷавоб медод, ки падарат дар ҳабсхона аст. Чун оҳиста-оҳиста қад кашида, ба воя расид, аз асли воқеа бохабар шуд… Модараш ҷавону соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар будаст, ки падари фарзандонаш, Идрисро барои камомад (ӯ мудири базаи савдо будааст) ба ҳабс мегиранд. Вале модараш ба ҷойи интизор нишастани шавҳар ба бероҳагї сар мекунаду дар натиҷа меваи айшҳои ҳароми ӯ Насима ба дунё меояд. Инро Насима вақте фаҳмид, ки Шамима аз ҷавоне ҳомиладор шуду ҷавон аз оиладор шудан бо ӯ сарпечї кард…

Ана ҳамин вақт Идрис ва чор бародараш, ки ҳамагї савори мошинҳои он вақтҳо номдори «Волга» буданд, он ҷавонро ёфтанду зада-зада маҷбур карданд, ки бо Шамима хонадор мешавад. Эмом на танҳо ҷон-ҷон гуфта, бо Шамима оиладор шуд, балки тӯйи калоне ороста, арӯсро на ба хонаи волидайнаш, балки ба ҳавличаи алоҳидааш бурд. Ана ҳамон вақт Насима Идрисро дид, вай мехост давида, ба оѓӯши падари ормонияш, ин марди зебои хушлибос, ки бо омаданаш дар ҳавлияшон бӯйи хуши атри қимматбаҳояш паҳн шуд, андозад. Вале модараш аз кокулони марѓуладораш кашида гуфт:

-Э мур, аз хурсандї кафида, ӯ падари ту нест!- Ба сари Насима гӯё як сатил яхоб рехта бошанд, дарақ- дарақ ларзид, Идрис ин ҳолати кӯдакро эҳсос кард ва ба писараш (Илёсро баъди бероҳа шудани Розия волидони Идрис ба тарбияи худ гирифта, ба модараш нишон намедоданд. Онҳо мехостанд Шамимаро низ бо худ баранд, вале Розия худамро мекушам гуфта, духтарашро надод) гуфт: Илёсҷон, бо хоҳарат салом кун, бародараш, ки ҷавонмарди навхати зебое будааст, дилу бедилон дасти ӯро гирифта фишурд. Вале Идрис сари ӯро падарвор сила карда, ба дасташ чанд сум дод… Аз ҳамон рӯз дар дили Насима нисбат ба модараш ким чї хел бадбинї пайдо шуд, охир аз даст ба дасти мардон гаштана шавҳаратро мунтазир мешудї, балоят мезад?! Баъзан дар пинҳонї бо модараш моҷаро мекард духтар…

                                   Ҳунарманд

Насима бисёр вақт дар хонаи апааш Шамима буду ба корҳои хонааш ба вай ёрї мерасонд, умри модараш ба панҷоҳ дакка хӯрад ҳам, аз бадгардияш намонда буду қариб ҳар рӯз «меҳмон» дошт. Насима баъд аз хатми синфи даҳ ба омӯзишгоҳи касбї дохил шуда, ҳунари дӯзандагиро аз худ кард. Баъд аз як соли хатми омӯзишгоҳ ӯ дар корхонаи хурди ноҳиявї, ки ба дӯхтани куртаҳои миллию аврупої машҳур буд, ба кор даромад. Акнун рӯз то бегоҳ дар кор буду пули ёфтаашро барои худаш либосҳои зебо, ороишоти тиллої харида, ба модараш низ ёрдам мекард, ба зиндагии модараш коре надошт. Рӯзе апааш ба ӯ гуфт:

-Насим, ман имрӯз ба деҳа ба хонаи аммаам меравам, агар хоҳї, маро ҳамроҳї намо, аз ҳавои тоза нафас мекашї, гӯштбирёни аз гӯшти тозаи гӯсфанд тайёр карда мехӯрї, нонҳои ширмоли аммааро намегӯї… Ӯ бо камоли майл апаашро ҳамроҳї кард ва бо хешовандони Идрис вохӯрд. Аммаи Салима бародарзодаашро бо меҳру муҳаббати зиёд пешвоз гирифт, фарзандонаш писару духтари Шамимаро дар замин намегузоштанд. Он рӯз меҳрубониҳои хоҳари Идрисро нисбат ба худашу апааш дида, нафрати Насима ба модараш зиёдтар шуд… Аммаи Салима бо оби чашм нақл кард, ки чї тавр модарашро дӯст медоштаанду ӯ беақлї карда, акаашро интизор нашудааст.

  • Аслан камомади акаам ҳам бо айби янгаам (аз чї бошад, ин зани соддаи қишлоқї ҳоло ҳам модари ӯро янга меномид) шуда буд, зеро модарат дар деҳа зистан нахост, акаам ба хотири дар шаҳр соҳиби хона шудан, ба дуздии пули давлат даст заду ҳабс шуд. Хайр, ана ҳоло аз маҳбас баромада, ба кори даромадноктаре машѓул аст, ҳамсари дигар гирифту барои вай хонаи дуошёни бошукӯҳе сохт, фарзандон дорад, Илёсҷонро ба қарибї хонадор мекунем… Аммаи Салима рӯзи дигар онҳоро ба як мошин савѓо ба шаҳр гусел кард, пас аз ин Насима зуд-зуд барои «аммааш» савѓо гирифта, ба хабаргирии ӯ мерафт…
  • Давом дорад
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД