Хиёнат кардани шавҳар барои зан бениҳоят аламовар аст. Аксари занҳое, ки шавҳарашон маъшуқа доранд, гаштаву баргашта аз худ мепурсанд: Ман чӣ камбудӣ дорам, ки ҳамсарам ба зани дигар майл кардааст? Мехоҳед донед, ки чаро мард занашро дӯст дорад ҳам, маъшуқабозӣ мекунад? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Равоншиноси оилавӣ Ирина Фалкао мегӯяд, ки иллати маъшуқабозии шавҳар дар камбудии зан не, балки дар худи мард аст. Баъзе мардон занашонро сахт дӯст доранд ҳам, ба занҳои дигар чашм ало мекунанд. Сабаби духтарбозии мард дар паст будани ҳиси худбаҳодиҳии ӯст. (Низкая самооценка). Маъшуқабозӣ карда, мард мехоҳад ба атрофиён нишон диҳад, ки вай чӣ қадар мардаки зӯр ва арзишманд аст.
Мардҳои духтарбоз дар умқи дил кӯдаканд
Марди духтарбоз аз он ки ба ду зан - ҳамсар ва маъшуқааш хиёнат карда, ҳардуро фиреб медиҳад, азоби виҷдон намекашад, зеро аз нигоҳи психологӣ худаш камол наёфтааст. Марди баркамол бошад ҳам, дар умқи дил вай ҳанӯз писарбачаест, ки мехоҳад худро қаҳрамон нишон диҳад. Дар як вақт ҳам зан ва ҳам маъшуқаашро таъмин карда, мард худро қаҳрамони ҳақиқӣ эҳсос мекунад.
Маъшуқа ё батарейка?
Аксари мардҳое, ки занашонро дӯст доранд ҳам, боз маъшуқабозӣ мекунанд, зоҳиран хеле неруманд менамоянд, аммо дар асл мушкил доранд. Барои неру гирифтан мард маъшуқабозӣ мекунад, то худро тавоно эҳсос намояд. Маъшуқа барои ин тоифаи мардон ба мисли батареяе аст, ки барои бо боварӣ ба худ зистан неруи тоза мебахшад.
Гурез аз мушкилоти оилавӣ
Сабаби дигари маъшуқабозӣ кардани мард гурехтан аз мушкилоти оилавӣ мебошад. Барои баъзе мардҳо ақаллан 2-3 рӯз аз мушкилоти оилавӣ дур мондан аз ҳалли мушкилиҳо осонтар менамояд. Маъшуқа дар бораи пойафзол надоштани духтар ё писарашон, тамом шудани хӯрока дар хона, омадани меҳмонҳо, зарурати харидани яхдону кондитсионер гап зада, саду як мушкилотро ба сари мард бор намекунад. Аз ҳамин сабаб мард назди маъшуқааш меравад, то дар оғӯши зан чанд соат ё чанд рӯз оламу одамро фаромӯш кунад. Албатта аз истироҳат бо зани бегона неру гирифта, мард дубора ба хонааш бармегардад, то бо қувваи дучанд аз паси ҳалли мушкилоти аҳли оилааш шавад.
Ба ишқи марди зандор бовар накунед!
Маъшуқабозӣ кардани мард маънои ошиқ будани ӯро надорад. Мардро танҳо ҳавас ва худнамоӣ ба ин роҳ тела медиҳад. Занҳое, ки бо мардони зандор робита доранд, бояд дар гӯшашон ҳалқа кунанд, ки марди оиладор ҳаргиз зани қонунии худро аз зеботарин маъшуқаи дунё низ боло намегузорад. Маъшуқа барои марди зандор танҳо як бозичаи зебо аст, ки то дилгир шудан бо он бозӣ карда, баъд партофта меравад. Аз ин рӯ, зан бояд фирефтаи ишқи марди зандор нашавад. Ишқи марди зандор ба ҷуз танҳоӣ ва дарду ғами ҷудоӣ ба маъшуқа чизе намедиҳад.