Sebiston new 2024 october
Чаро келин бо хоҳаршӯй ва хушдоманаш моҷаро кард?
1346

 

Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори пурҳангомае паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Ин навори баҳсбарангез тасвири як моҷарои хонаводагӣ аст.

Дар навор ду зани ҷавон ба ҳамдигар дарафтода, рӯйканию мӯйканӣ мекунанд. Зане, ки дар тан либоси сафедчатоб дорад, ҳарифашро ба қавли мардум “таги по” карда, бераҳмона лату кӯб мекунад ва бо овози баланд суханҳои қабеҳ мегӯяд. Дар гӯшаи дигари айвони хона зани калонсол ва марди маъюбе намудор аст, ки соҳибони ин хонаанд. Зану марди пиронсол бо дидани кашмакашу занозании ҷавонзанҳо доду фарёд мезананд. Зани калонсл мехоҳад онҳоро аз занозанӣ боздоранд, вале зане, ки дар тан либоси сафед дорад, сар нафароварда, ӯро сахт тела медиҳад, ки ба замин пуштнокӣ меафтад...

Дар қисмати дигари навор зани солманд аз тиразаи хона сар дарун карда, ин зани бадхашмро сари инсоф мехонад, аммо дар ҷавоб ба сараш чанд зарба мехӯрад. Моҷаро бо ҳамин ба итмом нарасида, занҳо занозании худро дар кӯча идома медиҳанд. Зани сафедпӯш дудаста аз мӯйи сари ҳарифаш маҳкам дошта, ӯро бераҳмона мезанад.

Аз оғоз то анҷоми навор садои доду фиғони кӯдакони хурдсол, ки эҳтимолан аз дидани занозании занҳо хеле сахт тарсида, ба даҳшат афтидаанд, ба гӯш мерасад.

Дар шарҳи навор навишта шудааст, ки ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав рӯй дода, келини хонавода хоҳаршӯй ва баъдан хушдоманашро бераҳмона лату кӯб кардааст.

Ин навор то куҷо ҳақиқат дорад? Чаро вақтҳои охир хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва моҷароҳои оилавӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд? Сабаби носозгорӣ ва ҷангу ҷанҷоли келинҳо бо хушдоману хоҳаршӯй дар чист? Моҷароҳои хонаводагӣ ба ҳолати рӯҳии кӯдакони хурдсол чӣ таъсир мерасонанд? Барои решакан кардани зӯроварии хонаводагӣ чӣ бояд кард?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мо сароғоз ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намудем. Сабоҳат Рустамзода, мудири бахши иттилоот дар ҷавоб ба суоли мо гуфт, ҳатман аз паси таҳқиқи ин ҳодиса хоҳанд шуд. Имрӯз Сабоҳат Рустамзода ба “Оila” занг зада, иттилоъ дод, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса бо дархости раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳукумати ноҳия гурӯҳи махсуси корӣ созмон дода шуда, онҳо бо ин хонавода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Соҷида Қурбонова, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав, ки масъулияти сарварии гурӯҳи кориро бар дӯш дошт, зимни суҳбат бо “Оila” гуфт, гуруҳи корӣ, ки ба ҳайъати он намояндагони бахши кор бо занон ва оила, мақомоти сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ, нозири минтақавӣ, раиси ҷамоат, равоншинос ва ҳуқуқшинос шомил гашта буданд, ба деҳаи Селбури ҷамоти деҳоти Истиқлол рафта, бо аҳли оилае, ки дар наворанд, ҳамсӯҳбат гаштанд. Маълум шуд, ки хоҳаршӯи ин келин бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи падар баргаштааст ва байни ягнаву қайсингил бо сабабҳои гуногун тез-тез ҷангу ҷанҷол сар мезадааст.

Ҳамон рӯз келин аввал бо хушдоманаш ҷанҷол мекунад, баъдан хоҳаршӯяш ба ин моҷаро ҳамроҳ шуда, байни онҳо ҷанҷолу занозанӣ сар задааст. Келин баъди он моҷаро қаҳр карда, ба хонаи волидонаш рафтааст. Шавҳари ҷавонзан, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст, баъди паҳн гаштани навори пурмоҷаро ба ватан баргаштааст. Зимни суҳбат ҷавонмард гуфт, ки нияти аз ҳамсараш ҷудо шуданро надорад, зеро онҳо фарзанди чорумашонро интизоранд, вале падару модарашро низ ба ҳоли худ ҳавола карданӣ нест. Ягона хоҳиши ин ҷавонмард ҳамин аст, ки хоҳаронаш ба ҳаёти оилавии ӯ дахолат накунанд. Модари хонавода низ намехоҳад, ки писараш тарки хонаву дар намояд, зеро ягона ноновари хонадон ҳамин писараш мебошад, ки дар Русия кор карда, онҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Падари хонавода ба сактаи мағзӣ гирифтор буда, маъюб будааст. Муттассифона, ба мо муяссар нагашт, ки бо келин суҳбат кунем, вале бо дигар аъзои оила суҳбат намуда, корҳои фаҳмондидиҳӣ гузаронидем. Ба раиси маҳалла тавсия дода шуд, ки бо ҳамроҳии имоми масҷид ва дигар калонсолони деҳа бори дигар бо ин оила сӯҳбат кунанд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд, - гуфт ин масъули ҳукумати ноҳия.

Бояд гуфт, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендерӣ бо телефони боварии 1313 амал мекунад, ки пайваста бо ҳалли чунин масъалаҳо сари кор дорад. Барно Дадабоева, равоншиноси маркази мазкур, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт:

“Солҳои охир хушунату зӯроварӣ ва моҷароҳои хонаводагӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Сабаби асосии сар задани чунин ҳодисаҳо суст шудани тарбияи оилавӣ ва паст будани маърафати аҳли ҷома, аз ҷумла занону духтарон мебошад, зеро онҳо аксаран саводи кофӣ надоранд, китоб намехонанд ва ғизои маънавӣ намегиранд. Беҳтарин ганҷинаи зани тоҷик ин шарму ҳаё ва сабру тамкин аст, аммо иддае аз занони мо чунон беандеша шудаанд, ки барои дупула гап аз гиребони ҳамдигар гирифта, ҷангу ҷанҷол мекунанд, ҳамдигарро таънаю маломат мезананд, якдигарро паст зада, таҳқир мекунанд ва суханҳои қабеҳ мегӯянд. Чунин рафтор ба шаъни зани тоҷик аслан зебанда нест. Ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳои хонаводагӣ, на танҳо ба шахсоне, ки бо ҳамдигар баҳсу мунозира мекунанд, балки ба дигар аъзои оила, махсусан ба кӯдакон ва калонсолон таъсири бисёр бади руҳӣ мерасонанд. Вақте ки дар оила пайваста ҷангу ҷанҷол ва нооромӣ аст, кӯдакон зарбаи равонӣ гирифта, бовариро ба худ ва ба наздиконашон аз даст медиҳанд, тарсончак ва одамгурез мешаванд. Яке аз сабабҳои хонагурез ва оворагард шудани кӯдакону ноболиғон маҳз чунин ҷанҷолу моҷароҳои хонаводагӣ мебошанд. Кӯдаке, ки дар оила меҳрубонӣ намебинад, онро дар ҷойи дигар ҷустуҷӯ карда, бо одамони бад ҳамроҳ шуданаш мумкин аст. Боз як таъсири бади равонии чунин муноқишаҳои оилавӣ дар он аст, ки кӯдакон ба ҷангу ҷанҷол одат карда, зӯровариро ҳамчун як чизи оддӣ қабул мекунанд ва вақте ки ба воя расида, оила барпо намуданд, бо ҳамсарашон айнан чунин рафтор мекунанд. Масъалаи зӯровариро бо як-ду сӯҳбате, ки мо, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, бо чунин оилаҳо мегузаронем, ҳал карда намешавад. Тамоми аҳли ҷомеа бояд пайи ҳалли ин масъала кӯшиш намоянд, вале нақши худи падару модари хонавода дар ин ҷода хеле бузург аст. Волидон бояд бисёр бомулозиҳа бошанд. Пеш аз оне, ки фарзандонашонро хонадор мекунанд, аввал ба равоншиносон муроҷиат намоянд, то мо бо ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, то кадом андоза ба оиладорӣ тайёр буданашонро фаҳмем ва ба онҳо маслиҳатҳои муфид диҳем. Як сабаби хушунату зӯроварӣ дар оила, агар дахолати шахсони сеюм бошад, сабаби дигараш маҷбуран оиладор кардани ҷавонон ва набудани меҳру муҳаббат дар байни зану шавҳар аст. Бинобар ин, ман ҳамчун равоншинос ба волидон маслиҳат медиҳам, ки фарзандонашонро танҳо бо майлу хоҳиши худи ҷавонон оиладор намоянд ва ба ҷойи дахолат кардан ба ҳаёти навхонадорон дар зиндагӣ ба онҳо роҳнамо шаванд, бо панду насиҳат модарвор роҳу равиши ҳаёт ва оиладориро ба келин ёд диҳанд....”, - гуфт мавсуф.

Дар ҳамин ҳол, Сабоҳат Рустамзода, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, дар оила бояд пеш аз ҳама ҳурмату эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад, зеро бе ин пойдории оила номумкин аст.

“Фарз кардем, ки хоҳаршӯй бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуд. Ба ғайр аз хонаи падараш ӯ дигар ба куҷо рафта метавонад? Келин дар ин ҳолат бояд худро дар ҷойи хоҳаршӯяш гузошта, кӯшиш кунад, ки ӯро фаҳмад, вале дар навбати худ хоҳаршӯй низ набояд ба зиндагии бародараш ва оилаи ӯ дахолат намояд”, - гуфт сухангӯи Кумита.

Дар ҳақиқат солҳои охир хушунату зӯроварӣ дар оила ва моҷароҳои хонаводагӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва баъзан ҷангу ҷанҷолҳо бо худкушии яке аз аъзои оила поён меёбад. Бар асари хушунату зӯроварӣ дар оила баъзе занҳои ҷавон худро бо фарзандони хурдсолашон ба дарёву обанборҳо мепартоянд, ки ин хеле нигаронкунанда аст.

Коршинсон мегӯянд, яке аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон низ маҳз чунин моҷароҳои оилавӣ буда, оилаҳои ҷавон бештар бо дахолати шахсони сеюм, аз ҷумла хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар азъои оила ба ҳаёти ҷавонон вайрон мешаванд, вале...

Аз идора: Мо умедворем, ки панду насиҳат ва корҳои фаҳмондадиҳие, ки аз ҷониби шахсони масъул гузаронида шудаанд, ин оиларо дубора ба ҳам оварда, кинаву кудуратро аз дилашон дур месозанд ва минбаъд аҳлона умр ба сар мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД