Sebiston new 2024 october
Чаро кӯдакон ба невроз гирифтор мешаванд?
1239


Саршавии соли нави таҳсилро кӯдакон бесаброна интизорӣ мекашанд, вале имкониятҳои зеҳнии бачаҳо гуногун буда, на ҳамаи толибилмон қобилияти ба осонӣ аз бар намудани барномаи таълимиро доранд. Як талаба, агар барои аз худ намудани шеър ё мавзӯи дарсӣ ҳамагӣ як-ду соат вақт сарф кунад, бачаи дигар, ки зеҳни начандон тез дорад, дар иҷрои оддитарин вазифаю супоришҳои додаи омӯзгорон низ душворӣ мекашад.

Албатта ҳамаи ин ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳии кӯдак бе таъсир намемонад, бинобар ин, имрӯз мо дар бораи яке аз бемориҳои хеле паҳншудаи кӯдакона-невроз маълумот медиҳем, то ки волидон ба саломатии фарзандони мактабхони худ диққати ҷиддӣ дода, дар аз бар намудани барномаи таълимӣ ба кӯдакон ёрӣ расонанд.

Навроз чӣ гуна беморист?
Невроз яке аз бемориҳои маъмулии системаи асаби инсон буда, бештар бар асари ноҷуриҳо ва мушкилоти эмотсионалӣ аз қабили ғаму ғуссаи зиёд, тарсу ваҳму воҳима, стресс, ҳаёҷон ва азоби рӯҳӣ кашидан сар мезанад. Маъмулан калонсолон пас аз зарбаҳои сахти рӯҳӣ ба невроз гирифтор мешаванд, вале азбаски системаи асаби кӯдакон нисбатан нозуктар аст, мушкилоти оддӣ аз қабили душворӣ кашидан дар аз худ кардани барномаи дарсӣ ё забон ёфта натавонистани кӯдак бо ҳамсолонаш дар мактаб метавонад боиси ба невроз гирифтор гаштани атфол гардад.

Ба гурӯҳи хатар киҳо дохил мешаванд?
Ба невроз бештар кӯдаконе гирифтор мешаванд, ки табиатан ҳассос буда, дил ва асаби нозук доранд. Бепарвоии падару модар нисбат ба мушкилоти фарзандашон, норасоии навозиш ва меҳру муҳаббат, ба ҷойи кӯдакро дастгирӣ кардану кӯмак расонидан ҳамеша ӯро паст задану сарзаниш кардани калонсолон боиси он мегардад, ки кӯдак худро яккаву танҳо ва бе пушту паноҳ эҳсос намуда, дар худ фурӯ равад ва ба невроз гирифтор гардад.

Ба ин беморӣ бештар кӯдакони синну соли миёнаи мактабӣ гирифтор мешаванд. Омили ба невроз гирифтои гаштани кӯдакони ин синну сол асосан тарс мебошад. Дар ин давра барномаҳои таълимӣ дар мактаб нисбат ба синфҳои ибтидоӣ хеле душвортар гашта, ба толибилмон вазифаҳои зиёде дода мешаванд, ки сари ҳаллашон майна об кардан лозим аст. Аз тарси он ки аз ӯҳдаи ҳалли ин вазифаҳо набаромада, аз муаллимон гап мешунавад ва ё баҳои паст гирифта, ба маломати падару модар гирифтор мегардад, кӯдакро маҷбур мекунад, ки пайваста дар ин бора фикр кунад ва бар асари асабонияти шадид бача ба невроз гирифтор мешавад. Омили дигараш он аст, ки дар ин айём кӯдакон давраи гузариши синну солӣ (переходной взраст)-ро аз сар мегузаронанд ва дар организму системаи асабашон тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд.

Нишонаҳои невроз
1. Худ аз худ гум шудани иштиҳои кӯдак.
2. Бехобӣ ё шабҳо ноором хобидан.
3. Чархзанӣ ва дарди сар.
4. Хӯроки мехӯрдаашро нағз ҳазм накардани кӯдак.
5. Эҳсоси хастагию бемадорӣ.
6. Парешонхотирӣ ва ё кундзеҳнии кӯдак.
7. Паст шудани худбаҳодиҳии кӯдак.
8. Гирёнчак ва зудранҷ шудани кӯдак.
9. Барои ҳар майда-чӯйда асабонӣ шуда, дод задани кӯдак.
10. Тез-тез тағйир ёфтани ҳолати рӯҳии кӯдак.

Сабабҳои невроз
Сабабҳои ба невроз гирифтор гаштани кӯдакон хеле зиёданд, вале мо ин ҷо дар бораи омилҳои асосие маълумот медиҳем, ки боиси аз сар гузаронидани стресси шадид ва гирифтор шудан ба ин беморӣ мегарданд.

1. Нооромии муҳити оила
Ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи падару модар, талоқ, ҷудоӣ ё рашку итоби зану шавҳар ба рӯҳияи фарзандон таъсири сахти манфӣ расонида, боиси ба невроз гиирифтор гаштани кӯдакон мешавад.

2. Кӯчидан аз як минтақа ба минтақаи дигар
Вақте ки шумо хонаатонро фурӯхта, ҷойи зистатонро иваз мекунед ё бо ягон сабаби дигар аз ҷойи муқимии худ мекӯчед, ин албатта ба рӯҳияи кӯдакон таъсири сахт мерасонад. Бача аз маконе, ки одат карда буд, канда мешавад ва дӯстони даврони кӯдакиаш ҷудо шуда, якбора ба муҳити тамоман дигар меафтад, ки барояш ношинос аст. Одат кардан ба муҳити нав, ба мактаби нав, ба ҳамсояҳои нав ва ба ҳамсинфони нав барои кӯдак осон нест ва ҳамаи ин боиси он мегардад, ки ба невроз гирифтор шавад.

3. Таваллуди хоҳарча ё додарчаҲар як кӯдак сарфи назар аз синну солаш мехоҳад барои волидонаш ягона ва беҳтарин бошад, аз ҳамин сабаб, вақте дар оила фарзанди дигар ба дунё меояд, кӯдак як навъ хатари аз даст додани меҳру муҳаббати падару модарро эҳсос намуда, азоби руҳӣ мекашад. Рашки кӯдакона дар бисёр ҳолатҳо маҳз баъди хоҳарча ё додарчадор шудан боиси ба невроз гирифтор гаштани фарзанди калонӣ мегардад. Дар ин ҷо падару модарон низ гунаҳкоранд, зеро баъди тавлиди тифли нав тамоми таваҷҷӯҳ ва меҳру муҳаббати худро ба навзод бахшида, дигар ба фарзандони калонӣ чандон аҳамият намедиҳанд. Табиист, ки фарзандони калонӣ дар ин ҳолат худро ба волидон нодаркор ва зиёдатӣ эҳсос мекунанд. Аз ҳамин хотир, набояд фаромӯш кард, ки бо тавлиди тифли нав дар оила фарзандони калонӣ якбора одами баркамол намешаванд. Онҳо ҳам ҳанӯз кӯдак ҳастанд ва ниёз ба меҳрубонию навозиш доранд, бинобар ин, муҳаббати худро байни фарзандонатон дуруст тақсим карда, фаҳмонед, ки онҳоро баробар дӯст медоред, вале ба хотири ҳоло ниҳоят хурд будани навзод бояд ба ӯ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Фарзандони калониро, агар кам-кам ба нигоҳубини тифли навзод ҷалб кунед, оҳиста-оҳиста ҷойи рашки кӯдаконаро муҳаббати гарму самимии бародаронаю хоҳарона мегирад.

4. Мушкилот дар муносибат бо ҳамсолон
Аксаран кӯдак дар мактаб бо ҳамсинфонаш забон ёфта натавониста, ба невроз гирифтор мешавад. Барои он ки фарзанди шумо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ нагардад, аввалан кӯшиш кунед, ки аз даврони кӯдакӣ дӯстони наздик дошта бошад ва баъдан мактаб ва ҳамсинфонашро тез-тез иваз накунед.

5. Тарсу ҳарос
Омили асосии ба невроз гирифтор гаштани кӯдакон тарсу ҳарос мебшад. Тарс аз он ки аз ӯҳдаи ин ё он кор набаромада, гап мешунавад, тарси аз худ карда натавонистани барномаи дарсӣ, тарси зери маломати волидон мондан, тарс аз мавҷудоти дар асл вуҷуд надошта аз қабили ҷину парӣ асаби кӯдакро хароб мекунад, бинобар ин, ҳамеша ба фарзандатон талқин намоед, ки сарфи назар аз чӣ тавр хондану ба чӣ корҳо қодир буданаш, шумо ӯро бо тамоми ҳастии худ дӯст медоред, ҳамеша дар канораш мемонед ва иҷозат намедиҳед, ки касе ё чизе озораш диҳад.

6. Захм ё бемории майна
Дар баъзе ҳолатҳо зарба хӯрдани кӯдак, ҳангоми афтидан ва бемориҳои майнаи сар низ боиси ба невроз гирифтор гаштани кӯдак шуда метавонанд. Дар чунин ҳолатҳо ҳатман кӯдакро ҷиддан ташхис ва табобат кардан лозим аст.

Пешгирии невроз
Барои пешгирии невроз табибони асаб ба волидон чунин тавсия медиҳанд:

1. Кӯшиш намоед, ки дар хона муҳити орому осудаи оилавиро сомон диҳед, то кӯдак худро амн ва бароҳат эҳсос карда, дилпур бошад, ки падару модараш ҳамеша ӯро муҳофизат хоҳанд кард.

2. Бо кӯдак муносибати дӯстонаро ба роҳ монед, то фарзандатон рози дилашро ҳамеша ба шумо кушода тавонад.

3. Бикӯшед фарзанди худро аз таъсири ногувори муҳит дур нигаҳ доред, агар дар мактаб бо ҳамсинфонаш забон ёфта натавонад, беҳтараш кӯдакро ба дигар мактаб баред.

4. Бо мушоҳида намудани нишонаҳои невроз ҳатман кӯдакро ба назди табиби асаб бурда, бо тавсияи муттахассис табобат гиред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД