Чаро кӯдак мактабгурез мешавад?
133

Вақте кӯдак мегӯяд: - Ман мактаб намеравам! - суханашро як лаҷбозӣ ё танбалии сода фикр накун.

Бисёре аз модарҳо ҳар саҳар ин ҷумларо аз забони фарзандашон мешунаванд ва гумон мекунанд, ки кӯдак танҳо баҳона мегирад, аммо гоҳе пушти ин ҷумла дарде пинҳон аст.

Шояд ӯ аз муаллими сахтгири худ тарсида бошад, ё аз тамасхур, таъна ё озори яке аз ҳамсинфонаш дилшикаста шуда бошад, ё шояд эҳсос мекунад мисли дигарон нест, чун дарсро хуб дарк карда наметавонад.

Вақте кӯдак аз рафтан ба мактаб саркашӣ мекунад, аз ӯ инро напурс:

- Чаро мактабро дӯст намедорӣ?

Балки пурс:

- Дар мактаб чӣ чиз туро озор медиҳад?

Пурсиши аввал иттиҳом мезанад, аммо пурсиши дуввум эътимод мебахшад.

Кӯдакон аз таълим фирор намекунанд, балки аз он дард ва фишоре мегурезанд, ки дар муҳити таълим вуҷуд дорад.

Ба ӯ наздик шав, ба суханаш гӯш деҳ, ӯро дар оғӯш бигир.

Зеро ҷумлаи «Ман мактаб намеравам» лаҷбозӣ нест, балки як фарёди хомӯш аст, ки ба ҷойи танбеҳ, муҳаббат мехоҳад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД