Commerc banl
Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?
25.03.2026
Oila.tj
33

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.

Бояд гуфт, ки ин ҳолат на ҳамеша аз эҳсосотҳои манфӣ пайдо мешавад, эмотсияи зиёди мусбӣ низ метавонад боиси дар хобаш худ ба худ гап задани кӯдак ё шахси калонсол гардад. Одатан сухан гуфтан дар хоб дар ҳолати ғанаби кӯтоҳмуддат рух медиҳад. Ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдак дар хобаш натанҳо гап мезанад, балки ҳаракат мекунанд, аз ҷояш нимхез мешавад, чашмонаш гоҳ кушодаю гоҳ пӯшида мешаванд. Ин рафтори кӯдак кӯдак албатта волидонро ба ташвиш меорад.

Дар хоб худ ба худ гап задани кӯдак метавонад бо мушкилоти равонӣ низ вобастагӣ дошта бошад. Дар баробари худ ба худ гап задани кӯдак дар хоб, агар ҳолатҳои дигари шубҳанок аз қабили ларзидани дасту пой, бегона шудани чашмон мушоҳида шавад, ҳатман кӯдакро ба назди психоневролог бурдан лозим аст, зеро ин метавонад нишонаи бемории эпилепсия бошад. Барои дақиқ гаштани беморӣ ЭЭГ-электроэнцефалографияи майнаи сари кӯдакро мегузаронанд.

Шараққос задани дандонҳои кӯдак дар хоб, ҳар шаб бистари хобашро тар кардан, эҳсоси нафастангӣ, дар хоб роҳ гаштан-лунатизм низ аз мушкилоти равонӣ доштани кӯдак дарак медиҳад.

Бо мушоҳида намудани ин ҳолатҳо волидон бояд ҳатман фарзанди худро ба назди табиби асабшинос бурда, ҷиддӣ аз паси табобаташ шаванд.

Маъмулан пас аз қабули доруҳое, ки гардиши хунро дар майнаи сари кӯдак ба низом медароранд, кӯдак ором шуда, шабона бароҳат мехобад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД