Formula novemver 2024
Чаро гарданбанду гӯшвор рамзи никоҳ нест?
834

Дар тӯйи арусию домодӣ чанд аломате ҳаст, ки тамоми дунё онро иҷро мекунад. Барои мисол либоси сафеди хоси арусӣ, бо суруду мусиқӣ гузаронидани рӯзи никоҳ, андохтани ангуштарӣ, пурсидани ботантанаи “ҳа” ё “не”-и домоду арӯс ва дигар амалҳо. Ин тартиби гузаронидани тӯй қариб дар ҳамаи дунё аст.

Андохтани ангуштарини арӯсӣ яке аз хусусиятҳои хоси домоду арус аст. Бе ин кор тӯй ноқис мемонад. Шояд бисёриҳо савол диҳанд, ки чаро гарданбанд не, ё дастпонаю гӯшвор нею маҳз ангуштарин?

Ба ин савол ҷавоб додан оддӣ аст. Ангуштарин авалу охир надорад, яъне гирд ва сарбастаи беохир аст. Ба ин мазмун дар тӯй, ки рӯзи аввали зиндагӣ бо ҳамсар аст, беохир ва сарбаста буданро нишон медиҳад. Ҳангоми андохтани ангуштар тарафайн орзу мекунанд, ки доимо бо ҳам ва ҷудонопазир бошем.

Таърихи рамзи никоҳ, ки ангуштар аст, ба 3 ҳазорсолаи пеш рабт дорад. Он аввалин маротиба дар Юнони қадим пайдо шудааст ва на ҳама вақт аз тилло сохта мешуд. Дар аввалҳо ангуштарини арусони юнонӣ аз найи лаби дарёи Нил гирифта мешуд. Нил барои онҳо муқадас буд ва нишонаи беохириро медод.

Ин ҷо саволи дигаре ба миён меояд, ки чаро он дар ангушти “беном” андохта мешавад? Инро ҳам сабаб табибони юнонӣ аст. Он вақт исбот шуда буд, ки раги хунгарди ангушти “беном” рост ба қалб меравад.

Инчунин, дар вақти ҳаракат бо дастон аз ангушти беном кам истифода мешавад ва барои андохтани ангуштарин дахолат намекунад. Аллакай садсолаҳост, ки ин анъана идома дорад ва агар дар роҳ зане ё марде дар ангушти рости беномаш ангуштарин дошта бошад пас қалби ин нафар ба касе таалуқ дорад.

Нуктаи ҷолиб он аст, ки ангуштариро баъзан касон дар нарангушт ё ангушти бузург, ангушти ишоратӣ, ангушти мобайн ва ангушти хурдӣ низ мегузаронанд. Яъне, он на ҳама вақт дар ангушти беном меистад, вале ангуштари арусиро ҳеҷ гоҳ касе дар ангуштҳои болозикр нагузаронидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД