arzon replenishment
Чаро Фирӯза Ҷумъаниёзова шавҳарашро аз мухлисонаш пинҳон мекунад?
1361

 

Суруду мусиқӣ сарҳад надорад мегӯянд. Албатта ман ҳамчун духтари тоҷик таронаҳои ҳунармандони тоҷикро дӯст медорам, вале шунидани сурудҳои тоҷикӣ аз забони сарояндагони дигар миллат ба назари кас дилнишинтар садо медиҳанд. Ман мухлиси сурудҳои тоҷикии Фирӯза Ҷумъаниёзова мебошам. Ин сарояндаи узбек сурудҳои тоҷикро бисёр ширин месарояд.

Дар бораи Фирӯза овозаҳо хеле зиёданд, яке мегӯяд, ки ин зан ҳаёташро ба санъат бахшида, то ҳол шавҳар накардааст, дигарӣ ӯро зани сеюми як миллионери ӯзбек мехонад, саввумӣ боз ягон афсонаи дигар мебофад. Аз ҳамин хотир, ба ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат намудам, то ки дар бораи Фирӯза Ҷумъаниёзова ба мо –мухлисони тоҷикаш каме маълумот диҳед.

Рӯзимоҳ, аз вилояти Хатлон.

Бо хоҳиши Рӯзимоҳ ва дигар мухлисони ин зебосанами ӯзбек мо ба сомонаҳои гуногун ворид гашта, дар бораи Фирӯза Ҷумъаниёзова маълумотҳои хеле аҷиб пайдо намудем ва инак,фишурдаи шарҳи ҳоли ин паричеҳраи булбуловозро манзуратон месозем.

Ситорае, ки дар рӯзи ошиқон арзи ҳастӣ кард

Худованд гӯё ситорашудан ва дар дили ҳазорон-ҳазор одамон маъво гирифтанро аз рӯзи азал дар сарнавишти ин зебосанам навиштааст. Далели равшани ин гуфтаҳо рӯзи саидест, ки ӯ ба дунёо мадааст. Фирӯза дар рӯзи мубораке, ки тамоми дилдодагон ба ҳамдигар рози дил гуфта, танҳо сухан аз ишқу муҳаббат мегӯянд, дар “Рӯзи ошиқон”-14 –уми феврали соли 1984 дар Хоразм чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Зӯҳробону дар иди ошиқон ин духтарчаи заркокулро ба дунёоварда, ба шавҳараш беҳтарин ганҷинаро ҳадя намуд, зеро туфайли ин тифли хушпою қадамноми падараш вирди забони хурду калонгашт.

Артисткаи 3-сола

Дар ҳунарманд шудани Фирӯза нақши модараш хеле калонаст. Зӯҳробону-модари Фирӯза худ ошиқи шайдои санъат буд ва мехост орзуҳои ҷомаи амал напӯшидаашро дар симои духтари фатиламӯяш амалӣ гардонад. Бо ҳамин мақсад модараш Фирӯзаро ҳанӯз аз замони кӯдакӣ дар руҳияи меҳру муҳаббат нисбат ба санъат тарбият мекард. Модар бо муҳаббат аккордеон ё доира менавохту Фирӯзаи се-сола мисли кабӯтараки навбол дастак зада, бошавқ суруд хонда мерақсид. Зӯҳро бо дидани ин манзара курта-курта гӯшт гирифта, чун мухлиси ашаддӣ барои духтараки ҳунармандаш кафкӯбӣ мекард, аммо..

Духтари шарқӣ

Оилаи онҳо ба мисли дигар сокинони Хоразм арзишҳои диниву миллиро аз ҳама чиз авлотар медонистанд. Зуҳро низ ҳарчанд зани ҳунардӯст буд, духтарашро дар ҳамин руҳия тарбия мекард ва бисёр модари сахтгир буд. Ӯ ҳамчун зани шарқӣ одобу ахлоқи ҳамидаро барои духтар муҳимтарин ганҷ меҳисобид ва иҷозат намедод, ки духтараш аз ин чорчӯба берун қадам ниҳад. Ҳаминбуд, ки Фирӯза ҳамчун як духтари шарқии бисёр бо шарму ҳаё ба воя расид, вале меҳри ҳунар ҳамоно аз қалбаш берун намешуд...

Нардбон ба сӯйи ситораҳо

Дар 14 солагӣ Фирӯза ҳамроҳи модараш ба пойтахти Ӯзбекистон-шаҳри зебои Тошкент омад, то қуллаҳои ҳунарро фатҳ намояд. Дар як муддати хеле кӯтоҳ ин паричеҳраи хушовоз KelAzizim, Men Qo’shiq, Zang-Zangi, Sizniki San’atim, Sizniki Qalbim, Ikkimizga G’animat durIshq ва даҳҳо таронаҳои дигари дилнишинро сабт намуда, ба қатори ҳунармандони шинохтаи ӯзбек дохил шуд, вале баъдан дар фаъолияти эҷодии Фирӯза танаффуси тӯлоние ба миён омад, ки 7 сол давом кард. Албоми навбатиашро Фирӯза танҳо соли 2015 бо номи Voy-Voy Lazgi ба ҳаводорони ҳунараш пешниҳод карда бошад ҳам, дар як муддати кӯтоҳ боз номаш вирди забони хурду калон гашт. Клип-таронаи машҳури «Амиго» бошад, тамоми Ютубро ба ларза дароварда, ба Фирӯза Ҷумъаниёзова шуҳрати гӯшношунид овард, вале бо ин ҳама маҳбубият ин паричеҳра дилу нияти як умр дар саҳнаи ҳунар мондан надошт. . .

Табибе, ки хилъати сафедро бо микрофон иваз кард

 

Худованд ба Фирӯза садои мисли булбул ширин ва ҳунари нотакрора то намуда бошад ҳам, духтарак мехост табиб-духтуршуда, ба дарди тифлакони бемор даво бахшад. Бо ҳамин мақсад баъди хатми мактаби миёна Фирӯза ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббӣ супурд ва аз имтиҳонҳо бо сари баланд гузашта, муддати як сол дар ин даргоҳ таҳсил кард, аммо било хира меҳри ҳунар ғолиб омада, ин зебосанам хилъати сафеди духтуриро ба микрофон иваз намуд ва ба факултаи санъати театрӣ дохил шуда, қатъиян хулоса кард, ки минбаъд ҳаёташрот анҳо ба санъат мебахшад.

Ҷилои садранги Фирӯза

Ҳамин тавр Фирӯза Ҷумъаниёзова ба пуррагӣ ба санъат гузаштва дар як муддати кӯтоҳ бо таронаҳои дилнишинаш ба қатори ситораҳои тобноки Ӯзбекистон-Юлдуз Усмонова, Озода Нурсаидова, Севинч Мӯъминова ва дигар ҳунармандони шинохтаи ӯзбек дохил шуд. Тарҷумаи номи Фирӯза маъниҳои зиёде дорад-санги қиматбаҳо, хушбахт, дурахшон, нӯрбор ва ғайраву ҳоказо. Ба мисли номаш ҳунари Фирӯза низ ба сад ранг ҷилва мекунад. Бартарии ин бонуи ҳунарманд аз дигар санъат корони ӯзбек дар он аст, ки бо чанд забон суруд хонда, дар дилу дидаи ҳазорон-ҳазор одамон маъво гирифтааст ва берун аз марзи ватанаш низ шӯҳрат дорад. Фирӯза бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, казоқӣ, озарӣ ва афғонӣ хеле ширин месарояд. Аз байни таронаҳои тоҷикии Фирӯза Ҷумъаниёзова сурудҳои Сиридил», «Дидан мазза дорад» ва «Чашми дилбар» хеле ҷаззоб садо медиҳанд ва мухлисони бешумор доранд.

Чаро Фирӯза шавҳарашро пинҳон месозад?

Овозаҳо дар бораи то ҳол муҷаррад будани ин паричеҳраи булбул овоз асос надоранд. Фирӯза Ҷумъаниёзова ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 ба қавли тоҷикон бо тӯю тамошо оиладор шудааст, вале мисли дигар бонувони сароянда дар бораи ҳаёти шахсӣ ва шавҳараш ба ҳама нақл карданро дӯст намедорад.  

Ба мисли дигар ситораҳо Фирӯза низ аксҳои зебояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои расмиаш мегузорад, вале дар байни ин аксҳо ягон акси ҳамроҳи шавҳараш гирифтаи ин нозанин вуҷуд надорад. Шавҳари Фирӯза Ҷумъаниёзоваро танҳо дар наворҳои аз тӯйи арӯсиаш бардошта шуда ва аксҳои тӯёнаашон, ки ин паричеҳраи машҳур онҳоро дар папкаи махсус нигоҳ медорад, дидан мумкинаст, вале ба ин аксу наворҳо фақат дӯстони наздиктарини ин сарояндаи машҳур дастрасӣ доранду халос.

Ситорае, ки танҳоиро дӯст медорад

Аксари сарояндагон шабнишинию дилхуширо дӯстмедоранд ва аксар вақт шабҳоро дар тарабхонаву дискотека саҳар мекунанд, аммо Фирӯза аз он қабил нест. Зани хеле машҳур бошад ҳам, вай баҳудаву беҳуда тарабхона ба тарабхона гаштану шабҳо то саҳар шӯхиву рақсу бозӣ карданро дӯст намедорад.

“Ман ба мисли гурбачаи хонагӣ муҳити хонаро дӯст медорам. Беҳтарин истироҳат бароям дар ҳалқаи наздиконам нишаста хӯрок хӯрдан, дар кати хоби худам ғел зада хобидан ва мисли як зани оддӣ бо кору бори хона машғул шуда, таомҳои болаззат пухтанаст”-иқрор шудааст Фирӯза Ҷумъаниёзова дар як сӯҳбаташ бо рӯзноманигорон.  

Фирӯза кай ба Тоҷикистон меояд?

Тавре ки аллакай ишора кардем, Фирӯза Ҷумъаниёзова бо забони тоҷикӣ низ суруд мехонад ва тез-тез ба кишвари мо сафар мекунад. Солҳои 2018 ва 2019 ин зебосанами ӯзбек бо барномаҳои рангини ҳунарӣ ба Тоҷикистон сафар дошт ва бо таронаҳои марғубаш хотири мухлисони тоҷикашро болида гардонд. Охирин сафари Фирӯза ба Тоҷикистони офтобии мо дар рӯзҳои иди Наврӯзи ҳамин сол баргузор гашта бошад ҳам, на ҳама ҳаводоронаш имкони шунидани таронаҳои гуворо ва баҳра бурдан аз садои ширини ин нозанин доштанд, аммо умедворем, ки дар ояндаи наздик Фирӯза Ҷумъаниёзова ба кишвари мо боз сафар карда, барои ҳаводоронаш як базми хотирмон меорояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД