Sebiston new 2024 october
Чаро дар Суғд 70 зан ва 77 мард даст ба худкушӣ заданд?
860

 

Дар ҳудуди вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли равон дастикам 147 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд худкушӣ бештар дар байни мардҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи нӯҳ моҳи сли ҷорӣ 77 мард даст ба худкушӣ ва суйқасди худкушӣ задаанд, ки аз ин шумора 12 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занҳо нисбат ба мардон камтар ба қайд гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 70 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки 10 нафарашонро ноболиғон такшил медиҳад.

           126 кас худро ба дор овехту...
Ба иттилои Акбар Шарифӣ аз рӯи таҳлилҳои кормандони мақомти ҳифҳи ҳуқуқ (милитсия ва прокуратура) бештари маврид сокинон бо усули худовезӣ қасди ҷон кардаанд. Дар давоми 9 моҳи соли равон 126 нафар бо роҳи худовезӣ риштаи умрашонро баркандаанд.
Дар байни афроди даст ба худкушӣ зада гирифторони бемориҳои рӯҳӣ низ хеле зиёданд. Бо сабаби зикршуда дар давоми 9 моҳ 47 нафар худкушӣ кардаанд. Дар Суғд ҳамчунин 7 кас бо усули ҳазролудкунӣ, 6 нафар ғарқшавӣ, 5 нафар бо истифода аз олоти сард (бурандаю халанда), 1 нафар бо роҳи худсӯзӣ риштаи умрашонро баркандаанд. Сабабҳои худкушӣ кардани одамон гуногун буда, 7 ҳолати худкушӣ аз пушти муноқишаҳои оилавӣ, 4 ҳолати худкушӣ бо сабаби шароити сахти иҷтимоӣ ва 48 ҳолати худкушӣ бо сабабҳои дигар ба қайд гирифта шудааст.

Талабаи мактаб чаро худро овехт?

Яке аз ҳодисаҳои пурсару садои худкушӣ дар давоми 9 моҳаи соли равон дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд рух дода, як толибаи мактаб худро ба др овехт. Ба гуфти раиси ноҳия ва сардухури беморхонаи ноҳия духтурак дар синфҳои болоӣ мехондааст ва ба як навъ беморӣ гирифтор шуда, муйи сару қошу мижаҳояш мерезанд. Духтар аз ин ҳолат зиёд зиқ шуда, дигар ба мактаб намеравад ва билохира ба ин дарди бедав тоб наоварда, дар оғилхнаашон худро ба дор меовезад.
Аз рӯи таҳлили масъулини ҳифзи ҳуқуқи вилоят бештари ҳодисаҳои худкушӣ бо сабабҳои моҷарои оилавӣ, ҳолати ноустувории равонӣ ва тангии аз ҳад зиёди иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, нафароне ки даст ба худкушӣ мезананд, роҳи халосӣ аз мушкилоти пешомадаро танҳо дар канда кардани риштаи умри худ мебинанд. Маъмулан дар вилояти Суғд бо усули худовезӣ ва худро сарозер кардан аз баландӣ, ҳамчунин ғарқшавӣ худкушӣ мекунанд. Ҳафтае пеш як нафар аз болои пули дарёи Сир худро ба об партофт. Хушбахтона кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ин занро сари вақт наҷот доданд, аммо саломатиаш баъди суйқасд ба ҷони худ чандон хуб нест.

Ислом худкушӣ кардаро дӯзахӣ унвон мекунад
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, рӯҳонии маъруфи шимоли Тоҷикистон, таъкид менамояд, ки худкушӣ дар ҷамъияте доман густардааст, ки беш аз 99 фисади онро пайравони дини мубини Ислом, яъне мусалмонон ташкил медиҳанд. Тибқи гуфтаи ин рӯҳонӣ, дини Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва шахси ба ин амал дастзада мутобиқи аҳкоми шариати поки Ислом гунаҳкор ҳисобида мешавад.
- Яке аз сабабҳои худкушӣ сатҳи пасти саводи динии мардум ва ноогаҳии ҷомеа аз асолати дини мубини Ислом мебошад. Дар дини Ислом ҳатто худкуштаро ҷаноза кардан ҷоиз нест. Соҳиби ҷон Худованди аззаву Ҷалл мебошад. Аз ин рӯ, дар Қуръону аҳодис ва дигар санадҳои шариат касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, ҷояш дӯзах аст. Ислом ҳамчун дини ором ва оромишдиҳандаи рӯҳу қалб шинохта шудааст ва табиист, ки мардум ба муллоҳо ҳамчун психолог эътиқод мекунанд, бинбар ин рӯҳониён бояд дар ин ҷода корбарӣ кунанд- гуфт Мӯсозода.

Ҷомеашиносон сабаби ба бӯҳрони психилогӣ гирифтор шудани нафарони худкушро дар кам будани психологҳои касбӣ ва равоншиносон медонанд. Ба ақидаи онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ бояд омӯзиши фанни психология пурзуртар ва дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Ин амалҳо метавонад саҳти худкуширо коҳиш диҳад.

На танҳо бо кӯдакону наврасон, балки пеш аз ҳама бо волидони онҳо бояд корбарӣ кард, зеро баъзе волидон то ҳол шеваи дурусти муносибат бо фарзандони худро намедонанд ва ба масъалаи тарбиву рушди равонии бачаҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД