Солҳои охир ба ҷавонмардони аз худашон 10, 15 ва ҳатто 20 сол хурд ба шавҳар баромадани занҳои миёнасол ё умрашон ба ҷое расида як навъ мӯд шудааст. Назари ҷомеа ба чунин никоҳҳо чандон хуб нест. Аксарият ба чунин ҷуфтҳо масхараомез нигариста, лабашонро инҷ мекунанд, мазмун, шарм намедорӣ, ки ҷавони ҳамсоли писарат ба шавҳар баромадаӣ...
Андешаҳо дар боби занҳое, ки шавҳари ҷавон мекунанд, гуногунанд. Бархе ин тоифаи занҳоро пулмаст мехонанд, гурӯҳи дигар мегӯянд, занҳои аз шавҳар ҷудошуда ба хотири қасос гирифтан аз ҳамсари собиқашон шӯйи ҷавон мекунанд. Асли моҷаро чист? Чаро занҳои синну солашон ба ҷое расида ба мардони ҳамсоли худ ё аз худашон калон нею ба ҷавонмарди 15-20 сол хурдтар ба шавҳар мебароянд?
Мард зани ҷавон гирад, мумкину зан шӯйи ҷавон кунад, шармандагӣ?!
Аҷибаш он аст, ки дар ҷомеъаи суннатии мо муносибат ба ин масъала духурра аст. Вақте ки марди 50-60 сола духтар ё ҷавонзани 20-соларо ба занӣ мегирад, аксарият бо чашми ҳавас ҷонибаш нигариста ӯро марди ҳақиқӣ мехонанд, вале айнан ҳамин корро зани 50-55-сола карда, ба ҷавонмарди 15-20 сол хурд ба шавҳар барояд, ҳама бо нафрат ба сӯяш менигаранд. Ин дар ҳолест, ки қонунҳои дунявӣ ва динӣ шавҳари ҷавон карданро ба зан манъ накардаанд.
Ошиқӣ пирӣ надорад...
Аксарият занҳои калонсолеро, ки шӯйи ҷавон кардаанд, ғайбат ва мазоқу масхара карда мегӯянд, ин зан пули моли зиёде дода, шавҳари зархарид кардааст. Мардум мӯътақиданд, ки сабаби бо зани калонсол издивоҷ кардани марди ҷавон танҳо пулу мол ва дигар манфиатҳои аз ин зан ба мард мерасида аст.
Шояд дар ҳақиқат баъзе мардон барои манфиатҳои иқтисодӣ бо зани аз худашон калон издивоҷ кунанд, вале ҷавонмардоне низ ҳастанд, ки дар ҳақиқат ба зани калонсол ошиқи зор шуда, никоҳ мекунанд.
Чаро марди ҷавон зани калонсол мегирад?
Сабаби ба зани калонсол таваҷҷуҳ намудани марди ҷавон дар он аст, ки занҳои миёнасол таҷрибаи калони зиндагӣ доранд. Онҳо алакай шахсияти ба камол расида ва дар ҳаёт устуворанд. Бартарии дигари зани калонсол дар он аст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба пуррагӣ пойбанди мард нест. Чунин зан метавонад худаш худашро таъмин намояд ва тамоми бори гарони зиндагиашро бар дӯши мард бор намекунад. Занҳои калонсол мисли духтаракони ҷавон нозу нузи бисёр намекунанд ва мардро ба ҳар як симчӯби сари роҳ рашк карда, ҷонашро ба лабаш намеоранд.
Ин тоифаи занҳо дар ишқу муҳаббат таҷрибаи кофӣ доранд ва аз ҳама муҳимаш ҳамсуҳбати хуб ҳастанд. Мард метавонад дар дилхоҳ мавзӯъ бо ин зан суҳбат кунад, дарди дил намояд ва маслиҳат пурсад.
Зан тез пир мешавад ё мард?
Аксарият бар он андешаанд, ки занҳо нисбат ба мардон тезтар пир мешаванд, аммо дар асл ин тавр нест. Зани миёнасол зоҳиран андак пажмурда намояд ҳам, дар асл дилаш ҷавон ва саломатиаш хуб аст.
Мардҳои миёнасол баръакс зоҳиран ҷавон намоянд ҳам, аз дарун пир мешаванд. Стресс, ғизои нодуруст, майхорагӣ, тамокӯ, камҳаракатӣ ва омилҳои зиёди дигар ба қувваи мардӣ таъсири ногувор мерасонанд. Каманд мардони миёнасоле, ки дили ҷавон ва саломатии хуб дошта бошанд.
Зан дар марди ҷавон чӣ меҷӯяд?
Рағбати бонувони миёнасол нисбат ба мардони миёнасол бештар аст, аз ҳамин сабаб шавҳари ҷавон меҷӯянд. Занҳои калонсол дар мардони ҷавон ҷавонию шӯру шарро эҳсос мекунанд, барои ҳамин ба марди аз худашон 10, 15 ва ҳатто 20 сол хурдтар ба шавҳар мебароянд. Омили дигаре, ки зани миёнасолро ба марди ҷавон ҷазб месозад, хислати бачагии эшон аст. Шавҳари ҷавон ба ҳар як кори зан эрод гирифта, хӯрдагирӣ намекунад. Бо рашку итоби худ ҷони занро ба лабаш намеорад. Вай аз зан дилхушӣ мехоҳад. Муносибат бо чунин мард осон ва роҳатбахш аст. Аз ҳамин хотир баъзе занҳои калонсол мазоқу масхара кардани атрофиёнро донанд ҳам, шавҳари ҷавон мекунанд, то ҳаёташон ҷӯшу хурӯши тоза пайдо намояд.
Хулоса, тавре ки равоншиносон мегӯянд, бонувони калонсол барои он мардони ҷавонро интихоб менамоянд, ки ҷавонии худро бештар давом дода, бо ҳамсари ҷавон зиндагиро аз нав оғоз намоянд.
Ошиқӣ пирӣ надорад, дар ишқу муҳаббат ва оиладорӣ на синну сол, балки бо ҳам мувофиқ омадани ситораҳо, хислату хӯй, назар ва майлу рағбати зану мард муҳим аст.