Сӯҳбати имрӯзаи мо дар бораи зинда мондани ишқ баъди хонадоршавӣ аст. Баъзан мебинем, ки ду нафари дирӯз ба ҳам хеле меҳрубон, баъди ба ҳам расидан, зуд дигар мешаванд. Сабаб чӣ бошад?
Бо гузаштани панҷ- шаш соли зиндагӣ айнаки сабзи дӯстдориҳо аз чашм меафтад. Акнун зану мард ҳамдигарро ҳар рӯз мебинанд, агар дар воқеъ ишқашон ҳақиқист, дастгиру мададгори якдигар мемонанд, агар не, ба «сангар»-ҳо ҷудо мешаванд.
Маҳз дар ҳамин давраҳо ҷудошавии оилаҳо зиёдтар ба назар мерасад, чун ҳамсарон ба машғулияте банданду ҳар ду фақат дар фикри ободони лонаи хеш, пас ояндаи хубе онҳоро дар пеш аст. Агар не, ҷангу моҷаро онҳоро домангир аст ва бадбахтона ин ба рӯҳияи фарзандон бетаъсир нахоҳад монд.
Фарзандони волидайне, ки аз бемаърифатӣ сояи якдигарро аз девор метарошанд, бетарбия ва асабӣ ба воя мерасанд. Дар ин давраҳои хеле ҳассос зани боандеша «ман»-и худро наҷӯста, аз пайи пойдории оилааш кӯшиш мекунад, зеро мардон табиатан ин гуна масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳанд.
Муҳимтарин омили ба даст овардани дили шавҳар ин муносибати хуб бо шавҳар аст. Баъзе занҳо аз шавҳарашон хафа шуда, дигар бо эшон гап намезананд, ин хатои хеле бузург аст.
Барои шумо душвор ҳам бошад, бояд қадами аввалинро дар оштӣ гузоред, зеро абрӣ ё хуршедӣ будани фазои хонадон дар аксари ҳолатҳо аз бонувон бастагӣ дорад. Ҳиссиёти манфиятонро як тараф партоед, зеро танҳо гуфтугӯи ором метавонад, масъалаҳои оиладориро ҳал кунад.
Зану мард бояд интихоби якдигарро дар ҳама бора дастгирӣ кунанд, ҳаргиз фикри худро дар интихоби либос, маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷиҳози хона аввалину беҳтарин нашуморед. Ба ҳамсар низ иҷозати баёни фикрашро додан лозим аст.
Ин яке муҳимтарин омили якдигарфаҳмист, яъне худро аз ҳамсаратон боло ва доно нагузоред. Ин омил танҳо хоси волидайн бояд набошад, дар баъзе ҳолатҳо фикри фарзандонро низ фаҳмидан хуб аст.