arzon replenishment
ЧАРО БАЧА ГИРЯ МЕКУНАД?
1931


Дар байни мардуми мо андешае вуҷуд дорад, ки агар кӯдак зиёд гиря кунад, шушаш калон шуда, роҳҳои нафаскашиаш васеъ инкишоф меёбанд.

Ин андешаро баъзе мутахассисон нодуруст хонда мегӯянд, ки кӯдак худ ба худ, яъне бесабаб гиря намекунад. Асабшиносон муътақиданд, ки осеб ё ноором будани системаи марказии асаби кӯдакон онҳоро ба ин ҳолат дучор мекунад. Айни замон мо дар бораи кӯдакони солиме, ки баъзан бе сабаб инҷиқӣ карда мегирянд, чанд ҳарф гуфтанием. Калонсолон гиряи кӯдакро бонги беҳтарин барои модарони серкор мехонанд ва ҳатто мегӯянд, ки кӯдак гиря накунад, модар аз ҳоли ӯ бохабар намешавад. Ин андешаро духтурони кӯдакона чунин шарҳ доданд:

-Гиряи кӯдакон се сабаби асосӣ дорад. Сабаби аввал тар кардани либосашон, яъне пешоб ё ахлот намудан аст, ки боиси нороҳатии тифл мешавад. Сабаби дуюмаш гурусна мондани кӯдак аст. Сабаби сеюми гиря кардани кӯдак дарди ягон узви баданаш мебошад. Гӯшаш дарк кунад, вақти қапидан ё ламс кардан, кӯдак каме ором мешавад, ё баръакс гиряи сахт мекунад. Шикамаш дард кунад, пойҳояшро ба ин узв, яъне шикам ҷафс мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД