Formula novemver 2024
Чаро аз бинии кӯдак хун меравад?
09.05.2022
Оила
2564

Зани 32-сола ҳастам ва дар бисотам як фарзанд дорам, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки писарам каме нотоб шавад, ба ташвиш меафтам. Чанд бор шуд, ки дар хобаш аз биничааш хун меравад. Метарсам, ки писарам ба саратони бинӣ ё хун гирифтор набошад. Илтимос, дар бораи сабабҳои хунравӣ аз бинии кӯдакон маълумот диҳед.
Насиба, ш. Душанбе.
Хунравӣ аз бинӣ дар кӯдакон зиёд мушоҳида мешавад. Як-ду бор аз бинии кӯдак хун ояд, чандон хатанок нест, вале хунравӣ тез-тез такрор меёфта бошад, ҳатман кӯдакро назди муттахассисони соҳаи тиб бурда, аз ташхис гузаронидан лозим аст, чунки хунравӣ аз бинӣ метавонад нишонаи баъзе бемориҳо бошад.
Намудҳои хунравӣ аз бинӣ
Хун дар узвҳои ЛОР-даҳон, бинӯ, гулӯ хеле бошиддат ҷараён мегирад, аз ҳамин хотир дар сурати расидани хурдтарин осеб ба рагҳои хунгарди ин мавзеъ хунравӣ сар мешавад. Маъмулан хуне, ки аз бинӣ меравад, рангаш сурхи баланд буда, қатра-қатра мечакад ё ба мисли об якбора аз бинӣ мешорад. Қатра-қатра омадани хун хатарнок нест, вале зимни хунравии шадид аз бинии кӯдак зуд ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, модар бояд ёрии аввалинро ба фарзандаш бирасонад.
Дар ёддошта бошед, ки зимни хунравӣ аз бинии кӯдак ин амалҳо қатъиян манъ карда шудаанд:
1. Ба пушт хобондани кӯдак.
Вақте ки шумо кӯдакро ба пушт мехобонед, хуне, ки бошиддат рехта истодааст, метавонад ҷамъ шуда, тариқи девораҳои қафои бинӣ (по задной стенке носа) ба узвҳои дохилии роҳҳои нафас гузарад ё дар меъда, шуш ё дигар узвҳо ҷамъ шавад.
2. Бинӣ кашидани кӯдак
Бинӣ кашидани кӯдак хунравиро аз бинӣ пуршиддаттар месозад.
3. Дар бинии кӯдак дармондани ягон ашё
Аксари кӯдакон мӯҳра ва дигар чизҳои майдаи ба ҳамин монандро ба биниашон метиқонанд ва дар натиҷа бинӣ захмӣ шуда, хунравӣ сар мезанад. Дар чунин ҳолатҳо кӯшиши баровардани ашёи ба бинии кӯдак рафтаро накарда, дарҳол тифро ба духтур бурдан лозим аст.
4. Дар бинии кӯдак пахта мондан
Модароне ҳастанд, ки аз усулҳои момогӣ истифода бурда, ҳангоми хунравӣ аз бинии кӯдакон дарҳол ба биничаи кӯдак як лӯла пахта меандозанд. Ин амал нодуруст аст, зеро богузоштани пахта шумо роҳи баромади хунро мебандед.
5. Ба қафо хам кардани сари кӯдак
Вақте ки аз бинии кӯдак хун меравад, сарашро ба пеш хам кунед. Хам кардани сари кӯдак ба қафо дар ҳолати хунравӣ хатарнок аст, зеро хун бо девораҳои қафои бинӣ ба узвҳои дохилӣ шорида метавонад.
Сабабҳои хунравӣ аз бинӣ
Хунравӣ аз бинии кӯдакон сабабҳои зиёде дорад.
1. Хунравӣ босабаби ба бинии кӯдак рафтани мӯҳра ё ашёи дигар.
2. Бемориҳои гулӯ ва бинӣ аз қабили ринит, полип, каҷшавии устухони бинӣ ва ё пайдоиши варамҳои саратонӣ дар бинӣ.
3. Баъзе бемориҳои сироятӣ.
4. Касалиҳои хун аз ҷумла гемофилия ва васкулит.
5. Баланд шудани фишори хун.
6. Норасоии витамини С. Дар ин ҳолат натанҳо аз бинӣ, балки аз дандонҳои кӯдак низ хун меравад.
7. Хунравӣ бо сабаби гармии офтоб ва ҳолатҳои психоэмотсионалӣ.

“Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунед, агар..
Дар ҳолатҳои зерин зимни хунравӣ аз бинии кӯдак ҳатман ба табибони “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст.
1. Агар баъди афтидан ё ҷароҳат гирифтани кӯдак, рӯй, лабу даҳон ва биниаш варам карда, аз бинии кӯдак хунравӣ сар шавад.
2. Пас аз хӯрдани ягон дору якбора аз бинии кӯдак хуни шорад.
3. Фишори кӯдак баланд шуда, аз биниаш хун равад
4. Дар бинии кӯдак чизе дармонда бошад. Дар ин ҳолат танҳо табибони отоларинголог ба кӯдак ёрӣ расонида метавонанд.
5. Хунравӣ якбора сар шуда, новобаста ба кӯшишҳои шумо барои боздоштани хунравӣ шиддати он ба ҷойи суст шудан торафт бештар гардад.
6. Якбора ҳам аз бинӣ ва ҳам аз дандонҳои кӯдак хун сар занад.
7. Вақте ки бар асари хунравӣ ранги кӯдак пахтасон сафед гашта, пеши чашмонаш сиёҳӣ мезананд, сараш чарх мезанад, беҳолу бемадор ва таппиши дилаш суст мешавад.
Хунравӣ нишонаи чист?
Албатта бар асари гармии ҳаво ё шӯхиву даву този зиёд аз бинии кӯдакон гоҳо хун меравад, вале хунравии пайваста ва шадид аз бинӣ аз баъзе бемориҳои ҷиддӣ дарак дода метавонад.
Вақте ки аз бинии кӯдак хун меравад, маъмулан табибон пеш аз ҳама лахташавии хунро ба таври лабораторӣ месанҷанд. Хунравӣ аз бинӣ метавонад нишонаи баъзе иллатҳои дил ва рагҳои хунгарди он бошад. Бар асари баланд шудани фишори хун ҳам баъзан рагчаҳо кафида, аз бинии кӯдак хун рафтанаш мумкин аст. Аҳён-аҳён сабаби хунравӣ аз бини кӯдакон бемории гемолефия мебошад, ки танҳо дар писарон ба назар мерасад, вале дар ин ҳолат натанҳо аз бинӣ, балки аз дигар узвҳо низ хунравӣ сар мезанад.
Чӣ бояд кард?
Аз бинии фарзандатон тез-тез хун мерафта бошад, кӯдакро ба назди табиби бачагона баред. Духтур ташхисҳои аввалинро гузаронида табобат мефармояд, агар ягон чизи ташвишовар набошад. Дар сурати пайхас намудани иллатҳои дигар табиби кӯдакона ба шумо ба отоларинголог ва гематолог муроҷиат намуданро тавсия медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД