Чанд рӯз боз духтарчаи хурдиам, ки нав 4-сола шудааст, аз дарди гулӯ шикоят мекунад. Бечора кӯдак базӯр оби даҳонашро фурӯ мебарад ва аз зӯрии дард хӯрок хӯрдан ҳам намехоҳад.
Ба назди духтури маҳаллӣ бурдам, баъди муоина гуфт, ки духтаратон ангина дорад. Мехоҳам донам, ки чаро ангина маҳз дар фасли баҳор хурӯҷ мекунад ва онро дар хона табобат кардан имкон дорад ё не?
Шаҳло аз н. Рӯдакӣ
Посух
Ангина бемории шадиди сироятӣ буда, бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Барангезандагони ассии ин беморӣ стрептококки гемолитикии гурўҳи А, стафилококк ва пневмококкҳо мебошанд. Ангина касалии гузаранда буда, бо воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ аз шахси бемор ва одамони солими дар атрофаш буда гузашта метавонад. Маъмулан беморӣ ҳангоми истифодабарӣ аз лавозимоти умумии рӯзгор ба мисли пиёла, қошуқ, коса мегузарад, бинобар ин, ба кӯдаки бемор дар зарфҳои алоҳида хӯрок ва об диҳед, то дигар фарзандони шумо аз ин беморӣ сироят наёбанд.
Баҳор бо ангина чӣ иртибот дорад?
Дар ҳақиқат одамоне, ки ангина дранд, бештар дар фасли баҳор аз ин беморӣ азият мекашанд, зеро маҳз дар ҳамин мавсим ин касалӣ авҷ мегирад. Бо сабаби рӯҳан ва ҷисман хаста шудани организми инсон, шамолкашию сармозанӣ ва норасоии витаминҳои гурӯҳи А, С, Е ҷисми инсон наметавонад фаъолона бо ҳар гуна бактерия ва микробҳо мубориза барад ва ҳаимн чизҳо боис мешаванд, ки ангина дар фасли баҳор хурӯҷ мекунад.
Намудҳои ангина
Бояд қайд крад, ки ангина намудҳои гуногун даранд: аз ҷумла ангинаи катаралӣ, фоликулярӣ, лакунарӣ, фибринозӣ, герпетикӣ, флегманози, захмӣ-некротикӣ ва ғайра. Табибон аз рўйи миқдори фасоде, ки дар бодомакҳои гулӯ ҷамъ шудааст, ба кадом навъи ангина гирифтор будани беморро муайян менамоянд.
Нишонаҳо ва аломатҳои ангина
Маъмулан ангина бо баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, душворӣ кашидан ҳангоми фурӯ бурдани ғизо, беҳолию бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои гулӯ ва ҷамъ шудани фасод-чирку зардоб дар бодомакҳо аз худ дарак медиҳад. Забонча сурх мешавад.
Роҳҳои табобати ангина дар хона
Беморро дар беморхона бистарӣ кардан шарт нест, агар бемориаш чандон хавфнок набошад. Фақат то пурра аз байн рафтани табби баланд ва дарди гулӯ кӯдак бояд реҷаи бистариро риоя намояд. Маъмулан табибон барои табобати ангина доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотик тавсия менамоянд. Сӯзандорӯ ва ҳабҳои фармудашударо кӯдак бояд ҳатман дар вақтҳое, ки табиб таъин намудааст, бигирад, зеро риоя накардан ба реҷаи табобат раванди шифоёбии маризро нисбатан суст гардонида, беморӣ тӯл кашида метавонад. Маъмулан антибиотикҳоро дар як рӯз ду маротиба мегиранд, нӯшдорӯю ҳабҳоро бошад, рӯзе се бор ба кӯдаки бемор хӯрондан лозим аст. Вобаста ба шиддати беморӣ мӯҳлати табобати мариз аз 7 то 10 рӯз идома меёбад.
Ғарғара карданро фаромӯш накунед!
Бемороне, ки ба ангини мубтало гаштаанд, бяд ҳатман дар як рӯз чанд маротиба ғарғара карда, гулӯяшонро чайқонанд, т ки бодомакҳои гулӯ тезтар аз чиру фасод тоза шаванд. Барои ғарғара кардан бештар аз маҳлули фуратсилин ва намакоб истифода мебаранд. Аз гиёҳҳои табиӣ бошад, бобуна, эвкалипт ва мармарак (шалфей)-ро барои ғарғара кардан истифода бурдан мумкин аст. Ин гиёҳҳоро меҷӯшнед ва бо оби шифобахши ҳосилшуда гулӯро мечайқонед. Ғарғара кардан зимни бемории ангина бениҳоят фоиданок аст, аз ҳаимн хотир кӯдак инҷиқӣ кунад ҳам, илоҷе карда ӯро рӯзе се-чор бор ғарғара кунонед, чунки вақти ғарғара кардан бодомакҳои гулӯ аз моеъи часпак, яъне фасод тоза мешаванд, ба ғайр аз ин, гиёҳҳои шифобахше, ки бо онҳо ғарғара мекунед, таъсири зидди илтиҳобӣ дошта, масъунияти баданро қавӣ мегардонанд ва ҳамаи ин хусусиятҳо дар якҷоягӣ ба зудтар шифо ёфтани бемор мусоидат менамояд.
Ногуфта намонад, ки зимни бемории ангина бештар об нӯшидан лозим аст. Ба кӯдаконе, ки ба ангина гирифтор шудаанд, бештар нӯшидани нӯшокиҳои гарм ва чой бо лимую асал тавсия дода мешавад
Ба парҳез риоя намоед!
Шахсоне, ки ба ангина гирифтор шудаанд, сарфи назар аз синну сол бояд ба парҳез риоя намояд. Ба бемор хӯрокҳои сахт, нони хушкшуда (сухарики) ва картошкабирён надиҳед, зеро ин ғизоҳо вақти фурӯ бурдан гулўро мехарошанд. Хӯрдани таомҳои тезу тунд ва нўшидани оби хунук, махсусан Соса-Сола, Арси-кола, Пепси, Фанта ва дигар нӯшокиҳои газнок қатъиян манъ аст!
Духтарчаи шумо аллакай чорсола будааст, бинобар ин, метавонед бе малол ба ӯ хӯрокҳои дуюм-шӯрбо ва ё мастоба пухта диҳед. Хӯрдани шир низ ба кӯдаки ангина дошта муфид аст, махсусан шир бо асал.
Кӯдакро ба беморхона баред, агар...
Дар сурати риоя намудан ба тавсияҳи боло ва сари вақт гирифтани дорую дармони фармудаи табиб дар бадали як ҳафта ангина шифо меёбад. Мабодо дар ин муддати ҳоли кеӯдак беҳ нашавад, ҳатман ӯро ба беморхона бурдан лозим аст, чунки дар сурати тӯл кашидан ангина метавонад дигар оризаҳоро ба бор оварда, боиси гирифтор шудан ба
тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит гардад. Тарбод метавонад ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад, бинобар ин, ба ҳолати бемор диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Бори дигар таъкид мекунем, ки агар дар бадали як ҳафта ё даҳ рӯз кӯдак шифо наёбад, ҳатман ӯро ба беморхона баред. Табибон гузаронидани ҷаррҳиро тавсия диҳанд, саркашӣ накунед. Ҷарроҳии ангина чандон душвор нест ва кӯдак дар муддати кӯкоҳ шифо ёфта, аз ангина ва оризаҳои ин беморӣ якумра халос мешавад.