Дар интихоби ҳамсар чанд роҳи интихоб аст. Албатта, қисми зиёди аҳолии мо, ки мусулмонанд, ҳамсарро низ тибқи аҳодису қоидаҳои исломӣ интихоб мекунанд.
Дар тоҷикон бештар интихоби ҳамсар рисолати бузургони оила, аз ҷумла падару модар ва бибию бобоҳои таҷрибадор аст. Аммо, дар ҳоли ҳозир ақидаи ҳам домод ва ҳам арӯсшавандаро бевосита мепурсану ризоияти тарафайнро ҳатман мегиранд.
Барои интихоби ҳамсар якчанд хусусиятҳои муҳими дигар аст, ки ба назар гирифта мешаванд. Аввалан, дар тоҷикон расм аст, ки ҳамсар аз мард сину соли хурд дошта бошад. Ин амал на дар қонунҳои динӣ ва на дунявӣ қайд нашудааст, вале мардҳои шарқӣ дӯст медоранд, ки занҳояшон ҷавонтару зеботар бошад.
Далели дуюме, ки хеле муҳим аст ва дар чандин китобу насиҳатҳо омадааст, ин оилаи ҳамсари оянда аст, яъне, тарзи дурусти интихоби оилаи арӯсшаванда. Албатта, дар филмҳо зиёд дидаем, ки духтари бой омада, дар хонаи домоди деҳотӣ зиндагӣ мекунаду оқибат ба хайр мешавад, аммо дар ҳайёти воқеӣ ин хеле кам дида мешавад.
Духтаре, ки дар муҳити нозу иззат бузург шудааст, наметавонад саҳар пеш аз ҷеғ задани хурӯс хеста, ҳавлӣ об занаду онро бо ҷорӯб рӯбад ва ё барои духтаре, ки дар табақи чубин бо аҳли хонаводааш якҷо шакароб мехӯрад, омада, дар сари мизу курсӣ нишаста, лобстерро бо корду чангак хӯрдан душвор аст. Ба ин хотир фарқияти иҷтимоиро ба назар гирифта, оиладор шудан лозим аст.
Намояндаи ду миллат метавонад бо ҳам қудо шавад, аммо шоҳу гадо хеле кам метавонад бо ҳамдигар мувофиқат барқарор кунанд. Дар ҳамаи ҳолат мувофиқаи байни ду ҷавон ниҳоят муҳим аст. Арӯсу домод аз нигоҳи ақидаву тарзи фикрронӣ ба ҳамдигар бояд писанд оянд.
Ишқу муҳаббат барои оиладор шудан муҳим аст, аммо онро наметавон факти асосии оиладорӣ номид. Ба андешаи равоншиносон, тафоҳуми байни зану мард барои суботи оила ниҳоят муҳим аст.
Аз идора: Хонандаи азиз, шумо дар ин бора чӣ ақида доред? Ҳамсари ояндаи худро аз рӯи кадом категория интихоб менамоед ё намудед?