1. Ба ёд биоред, ки ҳамааш чӣ гуна оғоз шуда буд. Хаёлан ба замоне баргардед, ки ҳамсаратон бароятон танҳо як духтараки дилкаши ношинос буд. Ба хотир биоред, чӣ хел ӯро ба даст овардед, чӣ қадар рақибро аз сари роҳатон «бардоштан» лозим омад. Ва ба ин зиндагии оилавиро ҳамчун ҷазо қабул кардан хотима диҳед-ин аломати пиршавии ҳавсалаи шумост. Бинобар ин, мардонагӣ карда, ба ҳамсаратон гулдаста тақсим намоед. Ҳамаи назокат, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нигоҳубини кардаатонро занатон як ба ҳазор бармегардонад. Занҳо ин чизро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
2. Доимо ба ҳамсаратон барои хӯроки болаззаташ, куртаи дарзмолкардааш ва ғайра миннатдорӣ баён кунед. Охир худатон-ку, ҳатто барои ба худатон нигоҳубин кардан хушатон намеояд. Аммо бечора занатон хона тоза мекунад, бачаҳоро нигоҳубин мекунад, хӯрок тайёр мекунад, ки ҳамаи ин кори осон нест, Агар ҳамаи инро шумо нодида гиред, рӯзе дар ошхонаи нағундошта деги холӣ ва зарфҳои ношустаро дида, ҳайрон нашавед.
3. Ҳеҷ гоҳ занатонро дар пеши одамони бегона танқид накунед, ки ин ба бар зарари худатон мешавад. Занатон минбаъд шуморо ҳамчун миҷингу дилбазан қабул мекунад ва аз дӯстонатон ҳамдардиро меҷӯяд. Табиати мард чунин аст, ки рафта рафта ҳисси ҳамдардиаш ба ҳиссиоти муҳаббат ба дал шавад, Ҳамин тавр шумо ҳам дустатонро бой медиҳед, ҳам хиёнат насибатон мешавад.
4. Агар дустонатон ба занатон ҳусни таваҷҷуҳ кунанд, шумо монеъ нашавед, Бе таваччуҳи мардони беруна зан ба худаш нигоҳубин намекунад, Бинобар ин, рашки беҷои шумо сабаб мешавад, ки минбаъд занатон дӯстиашро бо мардони днгар аз шумо махфӣ дорад. Бароятон ин аз ҳама хатарноктар аст.
5. Хасисӣ накунед. Дар хотир доред: буҷаи оилавӣ танҳо барои он нест, ки хонаро бо чизҳои зарурӣ таъмин намоед. «Чизҳои занона» дар назаратон беаҳмиятанд, аммо дар асл онҳо дорои хосияти ҳайратангези табъхушкунианд. Ҳеҷ гоҳ занатонро барои сарфи пул дар харидани косметика, ороишот ва чизҳои ошхона маломат накунед. Зеро ин ӯро шод ва зебо мекунад. Пул бошад- боз ёфт мешавад.