Formula 2025 may
Чӯҷаи фил (ҚИСМИ 2)
734

Дилбар барои худаш нақшаи харобшавиро таҷдид кард. Фикр кард, ки сабаби дучор гардидан ба бемории фарбеҳӣ - ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, маҳсулоти қаннодӣ. Дуюм, камҳаракатӣ.

Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхӯрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мебошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд.

Дилбар акнун иродаашро ба даст гирифту аз ҳамон лаҳза ба худ гуфт: ман бояд хароб шавам, то ҳам саломатиам хуб шавад, ҳам шавҳарам маро дӯст дорад чун солҳои пеш.

Дилбар акнун ҳар субҳ аз хоб хеста, баъди намоз пиёда мегашт, то хаста шуданаш. Сипас 2 пиёла оби ҷӯшондагӣ на хунук, на гарм менӯшид. Сипас як дона тухми обпаз, як дона себ ё афлесунро бе нон мехӯрд. Баъд то хӯроки нисфирӯзӣ ғайри об чизе ба даҳон намегирифт. Ба кори хона андармон, гоҳ-гоҳ машқи шиштану хестанро аз 10 сар карда, рӯзҳои охир то 50 бор расонид. Хӯроки нисфирӯзӣ рӯзи якуми харобшавиаш гречкаи беравғани дар об ҷӯшондагӣ бо салати помидору кабудӣ буд. Ду пиёла чойи кабуд. Бе нон. То бегоҳӣ кори хона, ба кӯдакон хӯрок тайёр кард, аммо гушнагӣ азобаш медод, аммо ба сурати давраи харобиаш нигариста, ба худ мегуфт: “Дилбар, тоқат кун, хоҳӣ, ки шавҳарат думи он хонуми бешармро нагирад. Чӣ, магар ту бегемотӣ? Ту бояд кабки маст шавӣ, то шавҳарат аз пешат ягон ҷо фирор накунад”.

Барои он ки гушнагӣ эҳсос накунад, даррав об менӯшид. Бегоҳӣ соати 17:00 фақат як дона себ хӯрду халос. Барои хонавода хӯрок тайёр кард, аммо худаш мисли одами рӯзадор ба даҳон набурд. Шавҳараш дулунҷа манту мехӯрду масхарааш мекард:

- Ҳа, чӯҷаи фил, имрӯз чида ҳичӣ намехӯрӣ?

- Чӯҷаи фил мехоҳад ба чӯҷаи моҳӣ табдил ёбад,- Дилбар ҳам бо шӯхӣ чунин посух дод.

Аммо шавҳараш боз киноя карда, гуфт:

- Э ту ҳеҷ гоҳ хароб намешавӣ, занак, кӯшиш накун, ин меъдаи ту мисли ғор аст, биё хӯр бо мо.

- Не, намехӯрам, вассалом.

Қариб ки нафсаш баландӣ карду хост имрӯз хӯраду аз пагоҳ парҳез кунад. Аммо худашро ба даст гирифту қатъан зери лаб гуфт: “Дилбар, тоқат кун!”.

Шаб пеш аз хоб дар як истакон оби ҷӯшида нимто лимӯро афшураашро андохта, як қошуқча асал андохта, нӯшид. Асал бисёр фоиданок аст, лимӯ тамоми организмро тоза мекунад.

Рӯзи якуми харобшавии Дилбар бисёр пуразоб гузашт. Шаб меъдааш аз гуруснагӣ нағора менавохт. Аммо ӯ фақат паёмакҳои он хонуми бешармро пеши рӯ оварда, фикри шикамашро намекард. Бояд бо фарбеҳӣ мубориза бурд!

Дилбар рӯзи дигари харобшавиаш бисёр бетоқат шуд. Мехост бо иштиҳо самбӯса хӯрад. Аммо боз фикри шавҳараш, суханони маъшуқаи миёнборики ӯ иштиҳояшро гардонд.

- ... Эҳ, чӣ қадар мушкил аст нафси худро доштан. Дар моҳи шарифи Рамазон метавонистам аз субҳ то шом чизе нахӯрам. Аммо ҳоло қуввату мадорам нест. Аммо бояд хароб шуд. Вагарна шавҳарам бо он химчамиён мемонад. Ман аз рашк мемурам...

Як дугонааш ба ӯ маслиҳат дод, ки бояд парҳези сагона кунад. Яъне 16 соат бояд ғайр аз об чизе нахӯрад, умуман, баъди 16 соат ягон хӯроки суюқ хӯрад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД