arzon replenishment
Чӯҷаи фил (ҚИСМИ 1)
1013

Дилбар солҳои охири оиладорӣ якбора вазнаш афзуда, ба 124 кило расид. Худро носолим, вазнин эҳсос мекард. Бо нафси худ мубориза бурда наметавонист. Ҳатто шабҳо нақша мекашид, ки пагоҳ чӣ хӯроки бомазза мепазад. Кадбонуи беҳтарин буд, дар тозагӣ ҳам бисёр покизарӯзгор буд.

Аммо шавҳараш на фарбеҳ, на хароб буд. Марди олуфтаи қадбаланде буду доимо ба худаш аҳамият медод. Дилбар давраи донишҷӯйӣ нозукандом буд, кокулони дароз дошту қариб ҳама бачаҳои гурӯҳ ошиқи ӯ буданд. Аммо ба Дилбар танҳо Фариз писанд буду халос. Фариз ба ӯ гуфт, ки мехоҳад ба хонаи онҳо хостгор фиристад. Ӯ розӣ шуд, чунки кайҳо боз ишқи Фариз дар дилаш хона карда буд. Онҳо тӯйи хоксоронае ороста, зану шавҳар шуданд. 9 соли аввали зиндагӣ Дилбар ҳамон хел нозукниҳол буд, ҳамеша вазнаш 62 кило буд, ҳарчанде сето писарчаи дӯстру таваллуд карда бошад ҳам. Аммо якбора вазнаш афзудан гирифт, худаш ҳам зиёд хӯрок мехӯрд. Дигар иштиҳояшро дошта наметавонист.

Боре шавҳараш телефонашро дар хона фаромӯш кард. Писарчаи калониаш коди телефони падарашро медонист. Вақте телефон занг зад, ӯ давида бардошт. Аз он тараф овози занона баланд шуд. Ин дам Дилбар гӯширо гирифту ало гуфт.

- Ало, Фариз куҷоба?

- Шумо кӣ?

- Ман арӯсаш.

- Чӣ, ту куҷо занг зада истодаӣ?

- Ман ба шавҳари ояндаам Фаризҷон. Ту ҳамун зани буққаи бегемоташ ҳастӣ?

- Чӣ? Бегемот момат!

- Охир, шавҳарат мегӯяд, ки хотири бачаҳот бо ту зиндагӣ дорад, вагарна бо чунин бегемоти хирс кӣ зиндагӣ мекунад?

Онҳо хеле ҷанг карданд, сипас Дилбар гӯширо гузошту ба паёмакҳои ба шавҳараш навиштаи ин зани бешарм назар кард.

Шавҳаре, ки ба ҷон баробар дӯсташ медошт, ба ин зан навишта буд, ки "занам ғафси бетаъб аст, барои ҳамин хона омадан намехоҳам, аммо хотири се бачам меоям. Туйи нозукниҳоли зебосанам дилама бурдаӣ, дигар дар Инстаграм худата нишон дода рақс накун, ки ман рашк мекунам, фаҳмидӣ, асалакам?”.

Ин зани бешарм бошад, дар ҷавоб навишта буд: "Фарики ман, мардакҷони ояндаи ман, сар те ин филро, ман бачаҳота гул барин нигоҳ мекунам. Ба номам як сехонагӣ дар маркази шаҳр бихар, ман дигар дар Инстаграм рақс намекунам. Ту медонӣ, ки ман дар Инстаграм чӣ қадар ошиқ дорам, чӣ қадар подписчик дорам. Маро дидагӣ одам оҳ мекашад. Ман ранги зани ту намехӯрам хар барин. Фу”.

Хуллас, Дилбар дигар асабҳояш сахт гиреҳ заду давоми паёмакҳоро нахонд. Фишори хунаш баланд шуд. Аз дил гузаронид: “Ман бояд чӣ кор кунам? Агар ҳозир бо марди хонадонам ҷангу рашк кунам, ин баромада ба назди он бонуи Инстаграмиаш меравад. Беҳтараш, хомӯш, гӯё чизеро намедонам, аз паси харобшавӣ мешавам. Бояд мисли пешина Дилбари 62-килоҳа бишавам. Дилбар, ба пеш, ба сӯйи зебоӣ! Бояд назди шавҳарам зебо, ихчам бошам”.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД