(Идомааш)
Кабӯтари себома
Ҳомиладории Мафтуна бисёр душвор гузашт, бар замми беқуввату бемадор буданаш дилаш аз мард мешӯрид. Нусрати духтарбоз то гузаштани давраи сарторикии ҳамсараш тоқат накарда, ба духтарбозӣ сар кард. Вай аз Мафтуна пинҳон бо занҳои тардоман ишқбозӣ карда, тамоми пули меёфтаашро сарфи фоҳишаҳои кӯчагӣ менамуд. Оқибати ишқбозиҳои ин Дон-Жуани ҳисорӣ ҳамин шуд, ки яке аз маъшуқаҳояш аз вай ҳомиладор гашта, ба таҳдид гузашт. Нусрат фоҳиша будани Марҷонаро донад ҳам, аз тарси он ки ин зан ӯро ба суд дода, ягон балои азимро ба сараш наорад, ин духтари кӯчагиро никоҳ карда гирифт ва кабӯтари себома шуд...
Сирри фошгашта
Ниҳоят фурсати таваллуд кардани Мафтуна фаро расид ва Нусрат зани дӯстдоштаашро ба таваллудхона бурд. Мафтуна духтарчаи мисли худаш зебоякеро ба дунё оварда, сари шавҳари духтарбозашро ба осмон расонд. Акнун Нусрат ҳар рӯз хӯрокҳои бомазаю шириниҳои гуногун гирифта, бо табъи болида ба таваллудхона ба аёдати Мафтунаю духтарчаи навзодаш мерафт.
Дар дунё ягон сирре нест, ки абадан пинҳон монад, сирри ин марди занбоз низ фош гашт. Дар ҳамон палатае, ки Мафтуна мехобид, як ҷавонзани дигар аз деҳаи онҳо хобида буд ва ҳар рӯз ба хабаргирии муаллима омадани писари муллоро бехигӯшӣ ба пайвандонаш гуфт.
Ҳамин тавр дар як дам овозаи аз Нусрат духтарча таваллуд кардани Мафтуна то ба деҳа расид...
Шикасти бахт
Бо шунидани он ки духтарашон аз Нусрати мундуқ кӯдак зоидааст, ҳуш аз сари падару модари Мафтуна парид ва ба қавле теғу камон кашида ба шаҳр омаданд, то аз асли воқеа огоҳ шаванд. Мафтуна чораи дигар наёфта, буду шуди ҳодисаро ба онҳо нақл кард. Қиссаи домоди сохта ва танҳо як мазҳака будани тӯйи духтарашонро шунида, волидони Мафтуна аз қаҳру ғазаб қариб девона шуданд ва дар назди муаллима шарт гузоштанд, ки агар аз баҳри шавҳари мундуқи занбозаш гузашта, худи ҳозир ҳамроҳи онҳо ба деҳа наравад, аз баҳри чунин фарзанд мегузаранд ва оқи ин дунёву охираташ мекунанд. Мафтуна аз азоби иҷорахонаю бевабозиҳои шавҳараш безор шуда буд ва чизе нагуфта, духтарчаашро гирифту ба хонаи волидонаш баргашт.
Бачаҳои бе оча
Бо амри падараш Мафтуна духтарчаи навзодашро бурда, дар хонаи волидони Нусрат партофт ва ба кор баромад, то аробаи зиндагиашро худаш кашад. Дере нагузашта, зани сеюми Нусрати мундуқ-Марҷона низ аз зиндагӣ бо ин марди бевабоз сер шуда, писарчаи навзодашро ба деҳа овард ва “набераатонро худатон калон кунед” гӯён, кӯдакро дарди сари падару модар ва ҳамсари Нусрат карда рафт. Ба бахти Нусрату волидонаш ҳамсараш духтари зебо набошад ҳам, тарбиятдида ва одами хуб буду парастории ин ду кӯдаки очадори бе очаро ба зимма гирифт. Фарзандони Нусрат мисли сегоник калон шуда, ҳамеша як хел либос мепӯшиданд, як хел хӯрок мехӯрданд, вале...
Аз зани ғар-ғар бирӯяд...
Бузурге фармудааст:
Шавад байзаи зоғ саранҷом зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.
Зани Нусрат бачаҳои аз занҳои дигар ба дунё омадаи шавҳарашро қатори се фарзанди худаш модарвор навозиш карда, ба воя расонида бошад ҳам, онҳоро одам карда натавонист. Духтари Мафтуна-Сабрина ҳанӯз 14- сола нашуда, ба бачабозӣ сар кард ва бе никоҳ аз як марди зандор ҳомиладор шуда, кӯдаки ҳаромӣ ба дунё овард, писари аз зани сеюми Нусрат бадунёомада бошад, даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, билохира ба маҳбас афтид...
Домулло-Нусрат
Дар дами пирӣ қуввату дармони Нусрат рафта, дигар аз уҳдаи ягон кор намебаромад. Вай ба чашми мардум хок пошида, акнун аз худ домуллои парҳезкор сохтааст ва дар кунҷи масҷид нишаста, дигаронро насиҳат мекунад, ки зинову гуноҳ накунанд. Ростӣ, амри маъруфи ин домуллои занбозро шунида, хандаи кас меояд. Хоҷа Ҳофиз беҳуда нагуфта будааст:
Зоҳидон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Нодира