Духтарамакам аз зиндагиаш шикоят карда гуфт, ки шавҳараш аз қалами кашидаи апааш берун намебарояд.
Шашум сол аст, ки бо шавҳараш якҷо дар як болишт сар мемонанд, соҳиби ду фарзанд шудаанд, вале ҳанӯз ҳам шавҳараш хостаҳои апаашро дар ҷойи аввал мегузорад.
Қайсингилаш бо ӯ муносибати бад надорад ва худро тарзе вонамуд месозад, ки гӯё бо онҳо коре надошта бошад, вале хуб медонад, ки дар гӯши шавҳари ӯву додари хурдиаш чӣ хел мехонад.
Чандин бор шоҳид шуд ба додари хурдиаш мегӯяд, ки ба занат ин гӯю вай гӯй. Ин корро бо шавҳари ӯ ҳам мекунад. Дар охир ҷонаш ба лабаш расиду ин саҳар дилаш кафид ва тамоми ғубори дилашро сари шавҳараш рехт. Дигар барояш фарқ надорад, ки дигарон чи мегӯянд.
Ин суханони духтарамакам маро ба фикр фурӯ бурд. Дар ҳайёти мустақилонаи ду нафар дахолат кардани дигар кас то куҷо дуруст аст? Дар урфу одати тоҷикон келин хонаи шавҳар меояду хусуру хушдоманаро нигоҳубин мекунад.
Ҳарчанд ин амал на дар қонунҳои динӣ на дар дунявӣ навишта нашудааст вале ин кор як намуд вазифаи ҷонии ҳар келини тоҷик шуда мондааст. Аммо дахолати қайсингил ба ҳайёти додару ҳамсараш ба ягон намуди меъёр росту дуруст намеояд.
Дар миёни мардум бисёр шунидаем, ки бо дахолати қайсингил зиндагии додар вайрон шудааст, аммо ин амал ба касе дарси адаб намешаву касе ҳам аз кирдори мекардааш шарм намедорад.
Пас, чӣ бояд кард, ки лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад? Муносибати зану шавҳар аз рӯи қайсингил бад шуда истода бошад чӣбояд кард?
Аз сабаби оне, ки ин мушкил миёни оилаҳои сунатии тоҷикон яке аз мушкилиҳои мубрам гаштааст, мавзӯи мазкур миёни хонандагон баҳсу мунозираҳои гуногун ва ҷолиберо пайдо намуд.
Яке аз корбарони сомонаи мо, Камолзода Манучеҳр чунин шарҳ додааст:
"Аввалан ман ба иззати нафси ягон кас расидани нестам. Аммо ҳастан духтарҳое ки намозхону қуръонхон, худотарс бо акл, бо маърифат, ки падару модари худро апаву хохарони худро хурмату эхтиром мекунанд, муносибаташон ба хонаводаи худ хуб ҳасту якдигарфаҳмӣ мекунанд, якдигарашонро дастгирӣ мекунанд, ба якдигар кинаву бадбинӣ надоранд. Нисбати келини хонадон, зани ака ё додарашон ҳурмату эхтиром мегузоранд, ки ин хуб аст. Дар ин масъала гуфтаниҳои зиёд дорам. Аслан мард ба синни зангирӣ расид, пеш аз он ки фикри оиладор шуданро мекунад, бояд аввал ҷои кори доимӣ дошта бошад. Пеш аз оне ки хуштоман келини боаклу бо сабр намозхон, куръонхон, мекобад, вале фикр мекунад, ки фарзандони худаш ба чунин талаботаш ҷавобгӯ аст? Вақте ки мард зан мегирад, вазифадор аст, ки талаботи ӯро бароварда карда тавонад. Дар баробари ин бояд хусуру хуштоман келини худро хамчун фарзанди худ кабул кунад на бегона. Ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳари шавҳар, ки дар мо қайсунгил мегӯянд, ҳақ надорад, ки ба корҳои ӯ ва зиндагии зани бародар ё додараш дахолат кунад. Ҳамчунин, келин ҳақ надорад, ки бе иҷозати шавҳараш аз хона баромада ба ягон ҷо равад", - навиштааст ӯ.
Як корбари мо дар сомонаи инстаграмм бо номи Оиша чунин назарашро баён намудааст: Дар ин ҷо на ҳама вақт қайсингилҳо гунаҳгоранд кайсингиле ки хонаи падараш мерава то омаданаш худаш чой када нӯшида мебиёя. Баъзе аз келинҳо дар хона хоб. Инхел ҳам ҳаст, ман дидагӣ...
Бахтиёр Ниёзов ин масъаларо чунин мешуморад:
Занҳо хизматгор нестан, занҳо амонати худованд барои мо мардҳо аст. Бо занҳо муносибати хуб дошта бошед. Аллоҳ аз ҳама нозук занро офаридааст. Бе зан зиндагӣ маъно надорад. Зан модар аст, зан фаришта, зан тарбиятгари фарзанд аст. Агар занҳо набошанд, мо мардҳо хор мешавем.
Ақидаҳои мухталифро инҷо мисол овардан ммкин. Шумо чи назар доред? Занҳои ҷавон барои зиндагияшон бо дахолати ҳамсар вайрон нашудан чӣ бояд кунанд?