Зан дар хона барои пойбарҷо мондани оила фидокориҳои зиёде анҷом медиҳад. Вале, мутаассифона, ин фидокориҳоро на ҳама вақт қадро мекунанд.
Ба идора бо унвонҳои “Аз шавҳари золим талоқ талаб кунӣ, гунаҳкор мешавӣ?”, “Шафқат диламро бурду маро партофта рафт» «Хотири бахт бо палонҷам созиш кунам?» номаҳои зиёд ворид мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки занон ҳанӯз зери хушунати оилавӣ қарор доранд ва аз ноилоҷӣ ба ину он муроҷиат мекунанд.
Хонандагони бешумор низ зери чунин номаҳо маслиҳату ақидаҳои худро, ки аз зиндагӣ бардоштаанд, зиёд менависанд. Ҳама вақт суол пайдо мешавад, ки ҷабру зулми бе мақсади шавҳарро зан вазифадор аст, ки таҳамул кунад?
Бо марде, ки умуман хоҳиши дидани занашро надорад ва бо ҳар баҳона бо ӯ муноқиша мекунад, зан бояд чӣ кор кунад? Бо ӯ зиндагӣ кардан душвор аст, аммо бе ӯ кудакон ятим ва дар ба дар мешаванд. Ин савол ҳама вақт зеҳни зани зери хушунатбударо ба шӯр меорад. Пас чӣ бояд кард?
Як хонандаи мо бо номи Имрон Алиев ақидаашро дар ин бора чунин баён намудааст: “Мард, агар вазифаи муқаддаси худро иҷро накунад, яъне оилаашро бо хӯрду хӯрок ва лавозимоти дигари зиндагӣ таъмин насозад, пас, вай чӣ гуна мард аст?! Шавҳар агар ҳамсарашро бо нафақа муддати муайяншуда таъмин накунад, занро бе сабаб озор дода, латукӯб намояд ва волидайни ӯро дашномҳои қабеҳ диҳад, дар ин ҳолат зан ҳуқуқ дорад, ки аз ин мард талаби талоқ кунад. Зани мусалмон аз марди зинокор, занбоз, бе намоз ва арақнӯш низ ҳаққи ҷудо шуданро дорад. Шавҳар талоқ доданӣ набошад ва қасдан занро ранҷу озор додан гирад, зан метавонад ба Шӯрои уламо муроҷиат карда, дар ҳалли ин масъала кӯмак пурсад. Дар сурати талоқ гирифтан зан ҳуқуқ дорад, ки пас аз се моҳ ба марди дигар ба шавхар барояд...”
Албатта ҳақ бар ҷониби ӯст. Зане, ки аз ҳама ҷиҳат ноқис аст, аз меҳр, шафқат, ғамхорӣ ва бар замми ин, шавҳар уву кӯдаконашро ба хубӣ таъмин накунад, зиндагии бо ҳам маънӣ надорад. Аммо аз ҷиҳати руҳию равонӣ падарандар ба кӯдакон чӣ таъсир дошта метавонад? Тоҷикон мақоле доранд, ки “ падар хук бошад, хуб бонӣ кун” Яъне, ҳеҷ кас ҷойи падарро намегирад. Чӣ хуб аст, чӣ бад, бояд фарзанд бо падари худаш бошад.
Вале ҷабри шавҳару меҳрубонии падарро бо ҳам чӣ хел созиш намоем? Яъне, чӣ хел кунем, ки шавҳар ҳам ба зан зиндагиро заҳр нагардонаду ҳам бар фарзандонаш соябон бошад? Дар шарҳ нависед.