arzon replenishment
Бумеранг (ҚИСМИ 1)
1897

Дар мусофирбаре, ки зодгоҳам мерафт, нишастам. Ронанда аз ману ду мусофири дигар узр пурсида, гуфт:Як нафари дигар гирем, раҳакӣ мекунем. Ў гапашро тамом накарда, ҷавонзани қоматбаланди зебо наздаш омада, пурсид, ки то Қӯрғонтеппа мебаред? Ронанда розӣ шуду мо ба роҳ даромадем.

Чеҳраи бону дар назарам шиносу гарм метофт, вале ҳеҷ ба ёдам оварда наметавонистам, ки ўро дар куҷо дидаам…

Ин мушкили маро худи ў осон кард. Вақте фаҳмид, ки таксӣ ба кадом ноҳия меравад, чашмонаш ҳавзи об шуданд ва пичиррос зад: “Даҳ соли умри ман дар ҳамин ноҳия гузаштааст. Падарам он ҷо судя буданд, даврони хушбахтии мо ҳам ҳамон вақт буд”.

Ман бонуро шинохтам…

Фоҷиаи зиндагӣ

Шавҳарам аз бемории саратони ҷигар оламро падруд гуфт. Он вақт ҳамагӣ бисту ду сол доштам. Хусуру хушдоманам аз бемории фарзандашон бохабар будаанду ба хотири нишонадор шудани писари ягонаашон ўро зан доданд...

Ман як писар доштам ва рўйи тобути шавҳари номуродам рўю мўй мекандам. Хусуру хушдоманам баъди марги шавҳарам бо нолаву фиғон ягона писаракамро аз ман гирифтанду ба ман бахти сафед хоста, аз хонаашон берун карданд.

Мо зиндагии қашшоқонае доштем, падарам барвақт вафот кардаю модарам бо ду додараки ҳанўз ноболиғам бо як азоб зиндагияшонро пеш мебурданд. Додаронам аз кўҳ ҳезум оварда мефурўхтанд, модарам дар замини наздиҳавлигиямон кор кардаю ширу чакаи ягона говамонро фурўхта, як бало карда, бори умрашонро мекашиданд.

Ман дар гардани додаракони меҳнатрўзиям бор шудан нахоста, ба маркази ноҳия коркобӣ рафтам, ягон ҷо кор наёфтаму бо дили шикаста ба хонаи хусури собиқам рафтам, то писарамро бубинам. Хушдоманам ҳоли зорамро дида, аз додараш, ки сардухтури ноҳия буд, хоҳиш кард маро дар ягон ҷо ба кор монад. Тағои шавҳарам маро қабул кард ва оби чашмони маро дида, гуфт:

- Туро дар беморхонаи марказӣ чун фаррош кор мемонем, имсол насиб бошад дар ноҳия коллеҷи тиббӣ кушода мешавад, ҳамон ҷо дохилат мекунем, зиндагиятро мебинӣ.

Бо мадади ин марди накў соҳиби як бурда нон шудам, ба модарам низ ёрӣ мерасондам, ба писаракам ҳам ҳадяҳо мехаридам. Тағои шавҳарам ба ваъдааш вафо кард, ман дар давоми чор соли донишҷўйи коллеҷ буданам, боз ба ҳайси санитарка дар беморхона кор карда, дар таҷрибаи корӣ нозукиҳои касбамро омўхтам. Коллеҷро хатм накарда, гузаронидани сўзандору, чакак ва маҳсро медонистаму аз рўйи ин ҳунарҳоям нонамро ёфта мехўрдам…

Ишқи ногаҳонӣ

Коллеҷро хатм карда, дар назди табиби дандоне ҳамшираи шафқат шуда, ба кор даромадам. Ин ҷо низ, ёрии тағои шавҳарам буд. Духтур ғайри маошам ҳар рўз ба ман маблағи муайяне медод. Дар ин муддат додари калониям мактабро хатм карду ўро ба донишгоҳ дохил кардем. Зиндагиямон миёнаҳолона бошад ҳам, он қадар танқисӣ намекашидем. Рўзе духтури дандоне, ки ҳамроҳаш кор мекардам, гуфт:

- Саида, хоҳарам, имрўз раиси суди ноҳия барои табобати дандонҳояш меояд, илтимос ҳама ҷо тозаву тамиз бошад!

Ҳама ҷо тозаву озода бошад ҳам, ман гапи сардорамро ду накарда, боз як бори дигар ҳама ҷоро тоза кардам. Раис соатҳои ёздаҳ бо мошини бодабдабаи сиёҳшишааш ташриф овард. Ў марди қоматбаланди зебо ва босалобате буд. Духтур баъди муоина ба ў гуфт, ки милкҳои дандонатон газак гирифтаасту сӯзандору задан лозим меояд…

Дар даҳ рўзи ба корхонаи мо омада рафтанаш раис барои мо одами худӣ шуда монд. Ӯ шуху хушсухану хоксор низ буд. Аз нигоҳҳояш эҳсос мекардам, ки нисбаи ман бепарво нест. Тӯли шаш-ҳафт соли бешавҳариям талабгорони зиёде доштам, модарам, ҳатто хусуру хушдоманам маро ба шавҳар кардан талқин мекарданд, аммо намехостам. Ба танҳоӣ хў карда будам ва дар дил умед доштам, ки баъди сари хусуру хушдоманам бо писарам мемонам, аммо…

(Давом дорад)

САИДА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД