Дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия мусовӣ анҷом ёфт.
Бозӣ бо иштироки ҳазорҳо мухлисон бисёр ҷолибу эҳсосӣ доир шуд. Тамошобинон аз тамошои ин бозӣ лаззат бурданд. Новобаста аз он, ки бозӣ дӯстона буд, аммо бозигарон сад дарсад маҳорати худро дар майдон намоиш доданд. Мунтахаби Тоҷикистон барои ҳаводоронаш бозии хуб нишон дод.
Мунтахаби Русия, ки дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифтааст натавонист мунтахабиТоҷикистонро, ки дар ҳамин феҳрист дар ҷойи 108-ум қарор дорад шикаст диҳад.
Сармураббии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Русия 27 бозигарро даъват кардааст, ки 14 нафари онҳо легионер буданд.
Мунтахаби миллии футболи Русия бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона ба Душанбе 26 футболбозро овард.