Ҳамин тавр, хиёнати шавҳарам аз ҳад гузашт. Ӯ ҳаққу ҳурмати ду фарзандамонро накард. Баъзан шаб агар дар куҷо будед гуфта пурсам, "назди ин будам" гуфта, расми зани дар оғӯшаш бударо нишон медод. Маъшуқабозияш то ҳамин дараҷа кушоду равшан буд.
Тез-тез ба клубҳо (дискотека) мерафту пули ҳангуфтеро сарф мекард. Ман ба ҳамаи ин тоб оварда натавониста, аз ӯ ҷудо шудам. Ҳамроҳи ду фарзандам аз хона баромада рафтам.
Барои он, ки ин ҳамаро фаромӯш созам, ба хориҷа барои кор назди бародарам омадам. Шавҳарам ҳар рӯз занг мезад. Фикр мекунед барои аҳволпурсии ману фарзандонаш? На. Барои аз рашк сӯзондани ман. Ӯ бо духтарони зиёд дар хориҷа дар лаби баҳр, бо либосҳои нимурёну шаҳватангез расм гирифта ба ман мефиристод. Телефонам аз расмҳои бадахлоқонаи шавҳарам пур шуд. Ин ҳама рафторҳои номардонаи шавҳарам ба ман алам кард. Ба хиёнати пайдарпаю кушоду равшани шавҳарам тоб оварда натавониста, маҷбур шудам бо шумо...
- Хостӣ ту ҳам дар оғӯши марди бегона истода расм гириву ба шавҳарат нишон диҳӣ!?
- Бале!
- Ин кори ту! Шаҳло, ман ба муносибати туву шавҳарат коре надорам. Ман танҳо мехоҳам имшаб бо ту бошам.
- Самир, маро бубахшед. Аммо ман наметавонам ба хиёнат бо хиёнат ҷавоб диҳам. "Қаҳри гадо, зарари гадо" гуфтагӣ барин, ин амали ман як умр ба ҳафт пушти ман тамғаи лаънат мешавад. Пагоҳ фарзандонам сархам мешаванд, ба ояндаи онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Ман нав хатоямро дарк кардам. Илтимос, шумо кори номардонро накунед.
- Хуб, ин ҳама хароҷотро кӣ рӯйпӯш мекунад? Агар ҳозир харҷи кардаамро надиҳӣ, маҷбур мешавам, ки ба ту дастдарозӣ кунам. Ин пулҳоро ман аз кӯча нарӯфтаам.
- Самир, шуморо завҷаатон дар хона интизор аст. Ба ӯ хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки хиёнат рӯзе не рӯзе бармегардад,- Шаҳло табассуме карду гарданбанди тилло ва ангуштарияшро кашида болои миз гузошту аз хона баромада рафт.
Самир тиллои қиматбаҳоро дида чизе нагуфт. Аз пушти Шаҳло ҳам надавид.
***
Самир ҳамроҳи рафиқаш Амир аз сафар ба хона баргаштанӣ буданд. Амир ҳам монанди шавҳари Шаҳло ба кайфу сафо дода шуда буду аз якчанд нафар ком ситонида буд. Ин бор ӯ ба Самир таклиф кард, ки вақте ба ватан раванд, ҳатман дар яке аз меҳмонхонаҳо бо ду "нозанин"-е "истироҳат" мекунанд. Самир ҳам ки аз Шаҳло ноумед баргашта буд, ин таклифи рафиқашро қабул кард.
- Ман худам бо як химчамиёне ҳамсуҳбат шудаам. Ӯ розӣ, ҳамроҳи дугонааш дар ҳамон меҳмонхонаи ҳардафъаина вомехӯрем. Кӯфтагии роҳро мебарорем ошно,- хушҳолона иброз дошт Амир.
Ҳамин тавр, Амиру Самир дар вақти муайяншуда ба меҳмонхона омаданд. Амир гуфтагӣ барин, ду "химчамиён" дар назди дари меҳмонхона мунтазири онҳо буданд. Амир вақте ба онҳо наздик шуд, яке аз онҳо ба тарафи Амир нигарист. Ҳар ду аз дидани ҳамдигар тарсида, рангу рӯяшон парид. Ҷузвдони дасти Амир ба замин афтод. Дастонаш беҳаракат шах шуда монданд. Гӯё аз сараш як сатил оби сард рехт.
Амир ҳамсари худро дида, ангушти ҳайрат газид. Яке аз он бонувоне, ки Амир хост ҳамроҳи рафиқаш Самир "истироҳат" кунад, ҳамсари худаш буд. Амир аз дасти завҷааш маҳкам дошта, аз назди Самир бо рангу рӯйи парида шатарросзанон рафт.
Самир аз воқеа огоҳ шуда, ангушти надомат газид. Ҳамин замон суханони гуфтаи Шаҳло ба ёдаш омад: "Фаромӯш накунед, ки хиёнат рӯзе не рӯзе бармегардад".
Самир дарк кард, ки хиёнатҳои нисбати ҳамсараш кардаи дӯсташ Амир ба таври шармандавор ба худаш баргашт.
Самир худ ба худ гуфт:
- Тавба кардам, минбаъд тамоми меҳру муҳаббатамро ба ҳамсари ҳаққу ҳалоли худам медиҳам.
Ӯ ин суханонро гуфту аз меҳмонхона баромада рафт. Дар назди дари меҳмонхона талбандае нишаста буд. Самир аз кисааш гарданбанду ангуштарии аз Шаҳло ситонидаашро гирифта ба талбанда доду ба ҳаққи Шаҳло дуои нек хост.
АРДАШЕР