- Шафтолуи гап ҳамин, ки... Самир, ман дар оилаи хеле камбағал ба воя расидаам. Бар замми ин падарам як марди майзада буданд. Пайсае ёбанд, шароб менӯшиданду халос. Ҳар рӯз хонаамон аз пушти майхорагии падарам ҷанг буд. Мо аз ҷанҷоли волидайнам сахт метарсидем. Рӯзе набуд, ки модарам зери шартаю шуртаи падарам намонад. Рӯзе набуд, ки падарамро бо либосҳои ҷӯлида касе ба хона наорад. Рӯзе набуд, ки мо ба нони хӯрдан муҳтоҷ набошем, мефаҳмед,- оҳи сарде бароварда, ба Самир нигарист Шаҳло.
- Шаҳло, фаҳмидам, ки даврони кӯдакият вазнину дар муҳтоҷӣ гузаштааст. Вале, ин ба шавҳарат чӣ дахл дорад ва ба муносибати ману ту чӣ?
- Ҳозир мефаҳмед. Дар байн падарам аз олам чашм пӯшид. Маълум шуд, ки аз шаробнӯшии зиёд ҷигараш сахт осеб дида будааст. Зиндагии бе ин ҳам вазнинамон боз ҳам вазнинтар шуд. Хуллас, бо мурури замон ман ба воя расидам. Модарам фаррошӣ мекард. Ба ин васила моро мехӯронду мепӯшонд. Рӯзе нотоб шуду ба ҷойи ӯ барои шустушӯйи фарш, умуман барои тоза кардани мағоза ман рафтам. Соҳиби мағоза ҷавони тануманди зебову кушодчеҳрае буд. Вай аз нигоҳи аввал маро дӯст дошт. Ман ҳам аз ҳамон лаҳза ба ӯ дил бастам. Ҳамин тавр, аз рӯзи аввал бо суханони ширину ҳазлҳои намакинаш дили маро ба худ ром кард. Шефтаю шайдои ӯ шудам. Ӯ ҳам маро воқеан дӯст дошт. Акнун ба ҷойи модарам тез-тез ман мерафтаму соатҳо бо ӯ ҳамсуҳбат шуда менишастам. Рӯзе модарам аз ин огоҳ шуд. Маро сахт ҷанг кард, ҳатто ба рӯям чор-панҷ шаппотӣ зад, ки бо ин корам ӯро сархам кардаам. Вале, соҳиби мағоза Шаҳром, яъне шавҳарам ба модарам қатъӣ будани нияташро гуфта, ӯро бовар кунонд, ки маро ба никоҳаш медарорад. Қисса кӯтоҳ, ин ҷавон хостгоронашро равон кард. Модарам пеш аз он ки маро ба ӯ фотиҳа кунад, борҳо таъкид кард, ки Шаҳром як ҷавони арӯсбоз аст. Пеш аз ман бо даҳҳо духтар мулоқот кардааст. Аммо ман намехостам ки ин парандаи бахт маро тарк кунад. Зеро Шаҳром ҳам ҷавони зебову ҳам сарватманд буд. Вохӯрдани боз чунин ҷавон дар зиндагиям дигар дар гумон буд. Барои ҳамин ба суханони модарам гӯш надода, барои бо ӯ оила барпо кардан розӣ шудам. Як соли зиндагиямон хуб гузашт. Вале рӯз аз рӯз рафтори шавҳарам дигар шудан гирифт. Аз кор ҳам ҳар рӯз дер бармегаштагӣ шуд. Ҳатто гоҳ -гоҳ шабона ба хона намеомад. Агар пурсам, "кор бисёр шуд" мегуфту бо ин баҳона аз суолҳои ман мегурехт. Баъдан фаҳмам, ӯ маъшуқаҳои зиёд доштааст ва ҳар рӯз бо яке аз онҳо дар мулоқот мешудааст. Бовар мекунед, маро як бор ҳам дохили шаҳри худамон барои сайругашт набурдааст, аммо ҳамроҳи маъшуқаҳояш ба кишварҳои хориҷа мерафтааст. Дар гаронтарин меҳмонхонаву тарабхона истироҳат мекардааст.
Самир ба суханони Шаҳло бодиққат гӯш медод. Аз саргузашти талху вазнини ӯ ба риққат омад. Шаҳло қаҳваи кайҳо хунукшудаи рӯйи мизро гирифта ҳуртӣ нӯшиду суханашро идома дод:
- Як рӯз ман аз хиёнати шавҳарам огоҳ шудам. Фаҳмидам, ки ӯ маъшуқа дораду тез-тез назди вай меравад. Вақте аз ӯ маъшуқа доштан ё надоштанашро пурсидам, шавҳарам бе шарму ибо гуфт, ки бо якчанд нафар бону ҳамсуҳбат мешавад ва аз онҳо ком меситонад. То ин дараҷа разил будани шавҳарамро ана дар ҳамон вақт фаҳмидам. Ӯ ба ишқи поки ман хиёнат кард, на танҳо ба хиёнаташ иқрор шуд, балки ин хиёнаташро кушоду равшан давом додан гирифт.
- Медонед рӯзе чӣ шуд?,- якбора бо суол муроҷиат кард Шаҳло.
Самир ишорае карду барои гӯш кардани давоми қиссаи келинчак мунтазир шуд.
- Рӯзе яке аз бонуҳое, ки бо шавҳарам ҳамсуҳбат мешуд, ба телефонпш занг зад. Вақте гӯширо бардоштам, овози зан омад. Аз ӯ пурсидам, ки агар соҳиби телефон ояд, кӣ занг зад гӯям? Ӯ гуфт "дӯстдоштааш". Барои фаҳмидани номаш боз пурсидам:
- Кадом дӯстдоштааш? Ӯ дӯстдоштаи зиёд дорад, яке аз онҳо ман!?
Гуфт:
- Дӯстдоштаи ҳақиқияш, дигарҳо, аз ҷумла ту танҳо барои вақтхушӣ.
(Давом дорад)
АРДАШЕР